Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Давраи дуввум, ин ташаккули ақлонии инсон дар натиҷаи фаҳмиш ва дарки бевоситаи ҳодисаҳо ва муҳит бо қувваи ақлонии шуури инсонӣ сурат мегирад.

Маҳз давраи дуввум давраи инкишофи мустақилонаи шуур ба ҳисоб рафта, инсон ба имкони пайдои дарки масоил мустақилона қарори роҳбарӣ қабул карда, аллакай фаъолияти хешро зери назорат мегирад ва бо интихоби касбу ҳунар роҳи фаъолияти ояндаи худро муайян менамояд. Дар ин ҷараён боз ҳиссиёту иродаҳою фаҳмишҳои миллӣ, дину оин, анъанаю одатҳои миллӣ, оиладорӣ ва дигар арзишҳои инсониро аз худ карда, ҳамчун узви фаъоли ҷамъиятӣ худро нишон медиҳад. Дар ҳар як давраи ташаккул инсон боз фаҳмишу дарки нави ҳолатҳоро пайдо карда, бо равона сохтани кӯшишу ғайрат барои донишомузӣ ва касбомузӣ қобилияти ақлонии худро сайқал дода, пурэнерҷӣ ва ҷаҳонбинии васеъро соҳиб мегардад.

Бинобар ин, барои миллати тоҷик аз қадим чунин хислату одат анъана шудааст, ки новобаста аз сатҳи инкишоф ва ҷаҳонбинӣ, пеш аз ҳама, дар ӯ ҳисси инсондӯстию инсонпарастӣ ва меҳнати ҳалолу адолат ҷой дошта, арзишҳои баланди инсониро дар дили поки тоҷиконааш мепарварад, чунки аҷдоду авлоду гузаштагони мо тоҷикон дар тамоми давраи таърихӣ ба давлате ё миллате ҳуҷум наовардааст ва хонаи касеро насӯхтаасту вайрон накардааст. Нигоҳи тоҷикон ба оламиён нигоҳи неку меҳрубонона буда, дарҳои дилу хонаҳои мо барои тамоми дӯстон шабу рӯз кушодааст. Ин хислатҳо дар кадом хонаи тоҷик ки меҳмон нашавед, мебинед ва ба кадом тоҷике ки рӯ ба рӯ нагарбед, мушоҳида менамоед. Дар хонаи тоҷик, ҳатто, Шуморо нашиносанд ҳам, меҳмондорӣ мекунанд ва ҷои хоб дода бо меҳрубонӣ гусел мекунанд. Ин хислат фақат ба мардуми тоҷик хос аст, чунки ин покниҳодиро ҳар як фарди тоҷик аз шири софи модар, ки бо сад меҳру муҳаббату дӯстдории илоҳӣ ба мо додааст, мерос гирифтаем.

Як нуктаи муҳим ҷолиби диққат аст, ки фарзанди асили миллати тоҷик, ҷавонмарди таърихӣ, сарвари хирадманди миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов рӯзи 18-уми ноябри соли 2006 дар назди ҷаҳониён бо сари баланду ниҳоди поки тоҷикона ба «Шири поки Модарашон» савганд ёд карданд, ки ин дар дили ҳаманд мо тоҷикон як

пешина
аз 566
навбатӣ