Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

карда, пайваста аз навигариҳои илмию эҷодӣ бохабар шуда меистанд, ки ин роҳи асосии навсозии ҳолати зеҳнӣ ба ҳисоб меравад. Раванди дигар пайваста дар форумҳои байналхалқӣ, конференсияву семинарҳо ва ҷамъомадҳои проблемавӣ иштирок намуда, аз ҳар гуна сарчашмаҳои ахбори маҳалӣ ва байналхалқӣ истифода кардан мебошад. Ва ҳолати сеюм бевосита худи сарвар ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ даст зада, аз нозукиҳои раванди алоҳидаи касби хеш ва ё фаъолияти корхонаи худ бохабар гашта, қобилияти зеҳнии худро сайқал медиҳад. Албатта, ин қисмати фаъолияти сарварӣ низ сарчашмаи олии ташаккули сарварӣ ба ҳисоб рафта, дар рушди менеҷменти тоҷик раванди муҳим мебошад.

Ҳолати рӯҳии сарварӣ - ин омил, албатта, хусусияти хосу мураккаб ва паҳлӯҳои гуногуни худро дошта, барои ҳар як роҳбар усули нигоҳдории мувозинати солими рӯҳӣ мебошад. Аксар сарварон бо роҳи шунидани мусиқии дилнишин ва баъзе сарварон бо роҳи дар табиат гаштугузор кардан, ҳавои тоза гирифтан, баъзе аз роҳбарон дар вақти ба варзиш ё аспсаворӣ машғул шудан ва баъзе дар гармхонаҳо ва бо дигар бозиҳои завқовар шуғл варзидан, ҳолати рӯҳии худро солим нигоҳ медоранд ва ё барқарор мекунанд. Дар ин нуқтаи ташаккул хуб мебуд, ҳар яке мо ба рӯҳшиносон муроҷиат мекардем ва онҳо баъди ташхис роҳу усули махсуси фардиро бароямон пешниҳод мекарданд.

Ҳолати иҷтимоии сарварӣ - вобаста аз муносибати Шумо ба кормандон пайдо мешавад. Ба мавқеи иҷтимоии роҳбар кормандон вобаста аз он ки роҳбар фақат муносибати расмӣ дорад ва ё бо назардошти урфу одат мавқеъ, анъанаҳои миллӣ дар ҷамъомаду маросимҳои кормандон ва нишастҳои ҷашнии онҳо иштирок менамояд, баҳо медиҳанд. Албатта, хислату анъанаи халқи тоҷик он аст, ки роҳбар ҳатман дар маърақаҳои онҳо, махсусан, дар маросими тӯйҳо ва нохушиҳои иҷтимоӣ бояд иштирок намояд. Раванди дигар таваҷҷӯҳи роҳбар дар ҷараёни корӣ ба масоили иҷтимоии кормандон мебошад, яъне дар ҳолатҳои хурсанӣ ва ё нохушӣ ба аҳли корхона то чӣ андоза кӯмаки яквақтаи иҷтимоӣ ҷудо менамояд. Ин раванд низ, яке аз равандҳои муҳими модели концептуалии менеҷменти тоҷик ба ҳисоб рафта, дар ташаккули босуботи сарварӣ мақоми арзанда дорад.

пешина
аз 566
навбатӣ