Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дӯстдории ҳақиқат ин шарти беҳтарини дарёфти ҳақиқат мебошад.
Гельвецкий.

Дар замин аз ақл дида эҳтироми баландтаре вуҷуд надорад.
Гельвецкий.

Аз як гул гулдаста сохта намешавад.
Герберт.

Меҳнат нӯшдору буда, накӯкорон сарчашмаи онанд.
Гардер.

Шахсе, ки дар даст китоби хуб дорад, ҳеҷ гоҳ танҳо нест.
Гольдони.

Хирадманд ҳамаро эҳтиром менамояд, чунки дар ҳама як хислати хуберо мебинад.
Грасиан.

Эҳтиром хоҳед, суханро аз дашном шурӯъ накунед.
Грасиан.

Хоҳиш ченаки арзишҳост.
Грасиан.

Қарори хирадмандона шабона ба хотир меояд.
Г. Назианэин.

Хирадманд шахсест, ки аз гум кардани вақт метарсад.
Данте.

Ба роҳи худ бирав, бигзор одамон чизе, ки мехоҳанд, бигӯянд.
Данте.

Агар хоҳед, ки ақли солим дошта бошед, ҷисматонро назорат намоед.
Декарт.

Зинаи олии хиради инсонӣ, ин қобилияти мувофиқа кардани хеш ба ҳолатҳо ва нигоҳдории оромӣ аз хатари беруна мебошад.
Д. Дефо.

Барои хирадманд шудан ҳеҷ гоҳ дер намешавад.
Д. Дефо.

пешина
аз 566
навбатӣ