Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Адолатпарастӣ, ин ҳақиқатпарастӣ дар фаъолиятҳо мебошад.
Жубер.
Касе, ки атрофиёнро паст мезанад, худ ҳеҷ гоҳ бузург намегардад.
Зейме.
Мардони хирадманд ба се чиз роҳ намедиҳанд: муқобилят кардан ба подшоҳ, чашидани заҳр барои санҷиш, ба зан бовар кардани сир.
И. Дамаскин.
Касе ки некӣ мехоҳад, бадиро низ бояд тоқат карда тавонад.
И. Дамаскин.
Яке аз тозатарин ва беҳтарин фароғат, ин истироҳати баъди меҳнат мебошад.
Кант.
Вақте ки адолат аз байн меравад, барои баҳо додани зиндагии одамон дигар чизе боқӣ намемонад.
Кант.
Ҷавони овони баҳории инсон мебошад, ки барои солҳои ояндаи хеш дона мекоред.
Княжнин.
Омӯзиши хирад моро боло бурда, пурқувват намуда, ба бузургӣ мерасонад.
Коменский.
Хондану аз бар накардан, баробари тамоман нахондан аст.
Коменский.
Дониш бояд ҳақиқӣ, пурра, фаҳмо ва мустаҳкам бошад.
Коменский.
Дар ҷое хатар нест, шараф низ вуҷуд дошта наметавонад.
Корнель.
Ҳама чиз пештар гуфта шудааст, мо дер таваллуд шудаем, зиёда аз ҳафт ҳазор сол боз дар замин одамон зиндагонӣ ва андеша мекунанд.
Лабрюйер.
Агар қашшоқӣ модари ҷиноят бошад, камақлӣ падари он аст.
Лабрюйер.
Боварӣ шарти аввали дӯстӣ мебошад.
Лабрюйер.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор