Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
гурӯҳе пешаварон. Ҳар гурӯҳро гуфт: «Ҳеҷ кас мабодо ки ба ҷуз кори худ кунад». Пас уламо гирд кард ва фармуд, ки аз эшон бипурсед, ки кист ин подшоҳии ман бар ман пояндаю боқӣ дорад. Гуфтанд: «Дод густурдан дар миёни халқи Худои таолост». Пас ӯ дод бигустурд. Ва уламоро бифармуд, ки он рӯз, ки ман бинишинам, рӯзи хурмуз буд аз моҳи фарвардин. Пас он рӯз «НАВРӮЗ» карданд ва бар мо акнун суннат гаштааст. Ва ҳафтсад сол бигузашт андар ин рӯзгор. Рӯзе дарди сараш нахост ва душман бар вай наёмад ва ранҷу ва ғеме надид. Пас рӯзе ӯ ба хона танҳо нишаста ва огоҳӣ надошт, ки Иблис ба равзан фурӯ шуд ва ба пеши ӯ биистод. Ҷам битарсид ва ӯро гуфт: Ту кистӣ? Гуфт: «Ман якеам аз фариштагон, аз осмон омадам, ки туро насиҳат кунам». Ҷам гуфт: «Бигӯ, ки чӣ насиҳат дорӣ?» Гуфт: «Маро бигӯ, ки ту кистӣ?» Ҷам гуфт: «Ман якеам аз фарзандони Одам». Иблис гуфт: «Нестӣ, ки то ту ба замин, чанд одамӣ бемор шуд ва бимурд. Агар ту фарзанди Одам будӣ, туро маргу беморӣ будӣ. Ту Худои осмону заминӣ ва ту хештанро ҳаме намешиносӣ. Ту ба осмон будӣ ва ин ҳама халқ ту офаридӣ, то кори замин низ рост кунӣ ва дод густарӣ ва ба осмон шавӣ. Акнун хештанро фаромӯш кардӣ. Ва ман яке аз фариштагони туам ва туро ба ман ҳақ бисёр ҳаст. Биёмадам, ки туро огоҳ кунам. Ту ин дод ба халқи замин бигустурдӣ. Эшонро бигӯ, то туро парастанд. Ҳар кӣ фармон кунад, ӯро подоши некӯ кун ва ҳар кӣ фармон накунад, ӯро ба оташ бисӯзон!». Ҷам гуфт: «Чӣ ҳуҷҷат аст бар он, ки ман Худоям?»
Иблис гуфт: «Ман фариштаам ва одами фаришта набинад. Ту маро ҳамебинӣ муояна». Ва боз Иблис нопадид шуд. Ва Ҷамро аз он гуфтор дил кор кард. Гуфт: «Ман Худои осмон ва заминам. Ба замин омадам, то шуморо кор рост кунам. Ва чандин неъматҳо шуморо бидодам ва дардмандию маргу беморӣ аз шумо бардоштам. Акнун ҳаме ба осмон хоҳам рафт. Маро ба Худо парастиш кунед ва мункир шавед, ки ман Худоям. Ҳар кӣ бигаравад, подоши некӯ кунам ва ҳар кӣ нагаравад, ба оташ бисӯзонам».
Пас ба ҳама шаҳрҳо бад-ин гуна нома навишт ва ба атрофи ҷаҳон халифагон бифиристод ва бисёр кас бад-ӯ бигаравиданд. Ва ҳама кас, ки нагаравиданд, ба оташ бисӯхт, то ҷаҳон ҳама ба парастиши ӯ рост шуд кому ноком, чун аз подшоҳии Ҷамшед ҳафтсад сол бигузашт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё