Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа
Шоҳ ба суханони Вазир илтифот нанамуд. Вазир дид, ки шоҳ дар тарбияти ӯ собитқадам аст, дам даркашиду дигар дар ҳаққи он шахс чизе нагуфт. Аммо чанд рӯзе даргузашт, Заргар дасти ихтиёр кушода дид, пой аз маркази эътидол берун ниҳода, дар моли мардум дастдарозӣ оғоз кард.
Рӯзе барои пирояи духтари Шоҳ ба чанде гавҳари ҷаҳонбаҳо эҳтиёҷ афтод. Аммо он ҷавҳар дар хазинаи подшоҳ пайдо нашуд. Заргар хабар ёфт, ки духтари бузургоне чунин ҷавҳари қимматбаҳо дорад. Бо амри Заргар духтари бозургонро ҳозир намуданд. Заргар ба духтари Подшоҳ хабар дод, ки падари ин духтар ҷавоҳиру дурру ёқути гаронбаҳое дорад, ки мисли он дар ҳеҷ хазинаи подшоҳе вуҷуд надорад. Малика бояд амр кунад, ки ин духтар ҷавоҳирро ҳозир кунад ва ба қиммати вақт ба мо фурӯшад.
Малика бозургонзодаро ба овардани ҷавоҳир таклиф намуд. Духтар савганд ёд кард, ки «ман чунин ҷавоҳир надорам» ва хӯрдаю резае ки дошт онро ба миён овард. Заргар онро написандид ва маликаро барангехт, ки бозургонзодаро ба азобу шиканҷа кашад. Духтари шоҳ ба дамдамаи Заргар фирефта шуда, ба шиканҷаи бозургонзода фармон дод ва дар андаке замоне он аҷузаи бечора ба захми чанголи уқоби уқубат ба панҷаи ҳалок афтод.
Вазири покзамир ин суратро ба шоҳ хабар дод. Аз дуди бадномии чунин воқеа синаи зовияи малик тира шуд ва ба тариқи меҳрубонӣ ворисони бозургонзодаро навозишҳо кард ва моли бисёре дода, онҳоро хушнуд гардонид. Пас духтарро аз назари илтифот берун афканда, тарки тарбияти Заргар намуд.
Заргари беоқибат аз ин интиқоми подшоҳ тарсида гурехт. Модари духтар салоҳ дар он дид, ки духтар чанд рӯзе аз шаҳр берун рафта, дар чорбоғи малик зиндагӣ кунад, вақте ки хашми Подшоҳ таскин ёбад, ба шафоати баъзе аз арбобони давлат боз ба ҳарам ояд.
Заргар ноумед аз шаҳр берун омад ва рӯй ба биёбон ниҳода саросемаю парешонҳол мерафт. Шаб даромад Заргар бехудвор қадам мегузорид, иттифоқо дар он саҳро барои шикори даррандагон чоҳе канда буданд, дар он чоҳ паланге, бузинае ва море афтода буданд. Заргар, ки ба роҳи мардумон аз ҷафо чоҳ меканд, аз паи ҷонварон дар чоҳ афтод.
Эй, ки ту аз зулм чаҳе меканӣ,
Аз барои хеш чаҳе меканӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё