Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Бечора Зоғ муддате дар ақиби Кабк бидавид, вай рафтани ӯ наомӯхта, рафтори худ низ фаромӯш кард.


Ин масал ба он овардам, то бидонӣ, ки ранҷи беҳуда пеш гирифтӣ ва саъйи ботил менамой. Гуфтанд, ки ҷоҳилтарини халоиқ он аст, ки худро дар коре афканад, ки лоиқи пеша ва муносиби нисбати ӯ набувад. Ин қиссаи ту биайниҳи ҳамон аст, ки нонвоиро гузошта ба деҳқонӣ машғул шудӣ ва оқибат сарриштаи ҳар ду кор аз даст рафта ба ранҷу ғурбат ва балои бекасӣ дармондӣ.

Гуфтам бидиҳам ҷону ба васлаш бирасидам,
Ҷон додаму охир ба висоле нарасидам.

Ин аст достони касе, ки касби худро тарк кунад ва кореро, ки лоиқи ӯ набошад, пеша гирад. Талаботи хиради менеҷмент низ дар инкишофу ташаккули босуботи касбӣ буда, роҳбар онро бо он соҳае ҳидоят менамоянд, ки онҳо соҳибкасби ҳамон бахш мебошанд.

АБУНАСРИ ФОРОБӢ
(874 - 950)

Яке аз донишмандтарин олими тоҷики аҳди ислом ба ҳисоб рафта, дар таърихи маърифат бо номи «муаллими сонӣ» шинохта шудааст. Таърихнигорон аслу насаби Форобиро эронӣ муаррифӣ намуда, падарашро яке аз сарлашкарони замони Сомонӣ медонанд. Ӯ тамоми умри бобаракати худро дар роҳи илм бахшида, дар Бағдод умр ба сар бурда ба ҳукмроне ё малике хизмат накардааст.
Ӯ дар мактабҳои таълимоти зардуштии Моний, юнонии Афлотун ва Арасту ва исломӣ таълим гирифта, аввалин донишманде мебошад, ки ҳама мавҷудоти оламро хости Худои яктаю ягона шуморида, Одамро аз зоти олитарини ин мавҷудот ҳисоб менамояд. Инсонро маҷмӯи ақл, ҷамол ва равшанӣ, хайру хирад шуморида, беҳтарин тавсифот ба Худованди пок нисбат дода мешавад.

Ақлу хиради Худовандро беҳтарин қудрати ӯ номида, қайд мекунад, ки ақли инсонӣ низ меваи он аст ва одам низ бояд боақлу покиза бошад, то дар мӯъҷизаи Худованд таъхире пайдо нагардаду хайру баракат аз шумо дур нашавад.

пешина
аз 566
навбатӣ