Зеҳн
Менеҷмент: Хиради роҳбарӣ. Қисми 4

Китоби мазкур ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва усулҳои муосири роҳбарӣ бахшида шудааст. Дар он асосҳои ташкил ва идоракунии фаъолияти иқтисодӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 566 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан

манфиатамон ҳосил гардад. Дигар ин, ки тасаввури ақл ба асрори илмҳо, аз он ҷумла ба илми тиб расидем ва ошкор сохтем, ки дар тиб барои авлодони мо совғориҳои наҷибе ниҳон аст. Мо ба шарофати ақл кулли санъатҳои дигареро аз худ кардем, ки онҳо ба мо фоида мерасонанд ва моро баҳраманд мегардонанд.

Инчунин, маҳз бо тавассути ақл умури пӯшидаи табиатро дарк намудем. Бад - ин сон бо имдоди ақл шакли Замину фалак, нопадидҳои офтобу Моҳ ва соири кавокиб ва масофати буъду ҳаракатҳои онҳоро донистем. Маҳз ба шарофати ақл Парвардигор ва иззу ҷалоли вайро шинохтем, ки ӯ азимтарин чиз, яъне Офаридгори мост. Бебаҳс аст, ки маҳз он чизи муҳиму манфиатнок, яъне ақлро ба мо Парвардигор додааст.

Хулоса, ақл ҷавҳарест, ки агар он намебуд, рафтори мо ба рафтори махлуқони бешуури шабоҳат дошт ё худ мисли ноқисулақлон дар вартаи парешонӣ мемондем. Мо тавассути ақл ҳар як ҷанбаи афъоли худро, ки пеш аз рӯйдод ба узви ҳосима эҳсос менамоем, ақаллан тасаввур ҳам карда наметавонистем, ки он афъолро, гӯё қаблан ҳис кардем. Мо ба василаи ақл афъоли ҳиссии худро тасаввур намуда, воқиф мешавем, ки рӯйдоди фикрӣ ҳатман мутобиқи рӯйдоди зоҳирӣ ба амал омадааст ва мо баъдтар аз онҳо ҷудо шудаем. Пас, агар қудрату манзалат ва аҳамияту ҷалолати ақл чунин бошад, бар мо воҷиб аст, ки онро аз мартабаи олияш фурӯ наоварем ва дараҷаи виқори онро кам накунем. Инчунин, ба ҳокими маҳкумканандаи он табдил наёбем. Мо ба ӯ нобаробар лаҷом занем, то ӯ ба ҳолати лаҷомзада монад, зеро ақл роҳбар аст на мӯтеъ.

Мо бояд дар ҳама гуна умуру амалиёти худ ба ақл муроҷиат намоем ва ҷамъи корҳоямонро вобаста ба раводиди он иҷро намоем. Зарур аст ба ақл такя намоем ва ҳар амреро мувофиқи раводиди он ба итмом расонем ва бояд фармонбардорони ақл бошем. Ҳавою ҳаваси нафсро, ки офату озоровар аст, ҳаргиз ба дараҷаи фармонфармоии ақл бурда нарасонем, чунки нафс ақлро аз қоидаву усули муназзам берун оварда метавонад, аз мақсаду устуворӣ дур созад.
Инчунин, нафси бад ба амали гаштани афкори дурусти оқил, ки дар он салоҳият ва оқибатҳои неки кораш пешбинӣ шудааст, монеъ мешавад.

Аз ин рӯ, инсон бояд ҳамеша аз паи тарбияи нафс бошад ва ӯро бар
ҳолати тобеияти ақл нигоҳ дошта, маҷбур намояд, ки ҳаргиз аз амри ақл берун

пешина
аз 566
навбатӣ