Зеҳн
Яқкаписар (Қурбон Алӣ)

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Қурбон Алӣ буда, барои хонандагони сини калони мактабӣ пешбинӣ шудааст. Қаҳрамонони ҳикояҳо асосан занону духтарон буда, зиндагӣ ва таассуроти онҳоро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 37 саҳифа

КӯдаконАдабиётҲикоя
Аз аввал хондан

Рӯзи дигар дар байни ману модарам чунин гуфтугӯ сурат гирифт.
«Ҷаҳонро бо ман мону ба кор рав, очаҷон...»
«Гиря карда туро азоб медиҳад»,
«Гиря кунад, даррав мебардораму назди ту мебарам, макконӣ боз бардошта меорам».
«Не, меғалтонӣ».
Ғалтонамфу гиря кунад, рафта туро аз кор меорам».
Намедонам, модарам ба ман гапи дигар наёфт ё дилаш ба кор ғаш кард, ки ба саҳро баромад. Як пои бечора дар саҳро, пои дигар дар хона бошад ҳам, мо ду кас ба як илоҷ ду кӯдакро, ба қавле, гурба барин газида эҳтиёт мекунем.

Модарам, дар як даст Ҷаҳонҷаю дар дасти дигар Фаттоҳ, маро ба синфи як бурда монд. Дар синф шишта овози муаллимро шунида ва хатту ҳарақатро тамошо кардан аҷоиб буд, лекин ҳамту бошад ҳам, ман гоҳе муаллиму дарсҳоро фаромӯш карда, диққӣ аз ҷо мехестам, чунки овози гирьяи Ҷаҳон аз куҷое мерасид. Он вақтҳо модарам бачаҳоро ба яслии саҳро бурда мемонд. Мудири яслӣ белинчакҳоро салқин шавад гуфта, ба тутқатори лаби ҷӯй мебаст ва рӯи оби ҷӯй алла гуфта, алвонҷ дода меништ. Бачаҳо бедор шуда гирья кунанд, салқин гуфта, ба ҷои нам мешинонд. Ба бачаҳо ҳур-ҳур шамол мезад. Шабе Ҷаҳонҷа таб баровард. Биниаш руст шуд ва гулӯяш варам кард. Пас ман бо кадом дил хотирҷамъ шавам? Муаллим кофта меомад. Бо сари хам мерафтам, аммо танаффус ки шуд, маро кофта аз мактаб намеёфтанд. Беақл буданамро дар соли чорум фаҳмидам, чунки маро дар синфам мононданд. Дигарон чорум шуданд. Шарм доштаму алам кашидам. Вале чӣ илоҷ?! Ба ҳар ҳол дар мактаб ганда намоям ҳам, Ҷаҳонҷаро тетапоя кардам. Лекин қаҳраш ояд, Ҷаҳонҷа ба даҳону биниИАМ чанг меандозад, хаёл намекунад, ки ман ҳам ҷон дорам, ҷони ман ҳам дард мекунад. РаҳМ карда, ман ӯро сарлучу пойлуч ҳайдав намемонам. Эрка ки шуд, амрашро гузарондан мехоҳад. Хайр, ноз кунад болои чашм, саломат бошад! Лекин ҳозир шиками вайро чӣ хел сер кунам? Ягон чизи хӯрдани нест. Медонед, ягон чиз нест!

Маънии «нон дар нондон, калидаш дар осмон» ҳамин аст, ки нон нест. Чӣ шуду нашуд, ки ду соли охир ҳама ҷо қаҳтию қиматӣ. Ба қавли модарам, дастмояи

пешина
аз 37
навбатӣ