Зеҳн
Яқкаписар (Қурбон Алӣ)

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Қурбон Алӣ буда, барои хонандагони сини калони мактабӣ пешбинӣ шудааст. Қаҳрамонони ҳикояҳо асосан занону духтарон буда, зиндагӣ ва таассуроти онҳоро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 37 саҳифа

ҲикояКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

куҷо намедид, ба пешу қафо нигоҳ накарда медавид. Калӯшаш калон буду маҳсиаш фарсуда. Қадам ба қадам калӯш аз пояш меафтид. Вай рӯи рангзардобу пуроҷингашро мекушоду шамол нӯҳҳои сарбандашро титкунон боз мепӯшид. Шоиста додгӯён мерафту мехост, ки ҳамсояҳояш ғун шаванд, аз пеши роҳаш баромада ҳолу аҳволи ӯро пурсанд. Вале касе намебаромад, ки дилбардорӣ кунад. Гӯё ҳама аз Шоиста рӯй тофта буданд. «Повускаро ба кӣ супорам?» — навҳа мекашид вай онро ғичим кардаву пеши чашм оварда.
Бо чунин доду фарёд ба охири кӯча расида буд, ки боз пирамарди хаткашон рӯ ба рӯ омад. Шоиста фурсате ҳайрон ва тахта барин шах шуда истод. Хаткашон бошад, бемалол роҳ дода, дақиқае таваққуф намуд.
— Ҳа, чӣ гап шуд, духтарам? Куҷо меравӣ? Тинчӣ?

— Писарам, — нафасаш ба дарун ғалтида ва овозаш ларзида ҷавоб дод Шоиста. — Писарам нест, аспаш омад, аммо худаш бенишон. Маро адо кард...
Пирамард лабханд заду сулфид.
— Гум нагӯй духтарам, писари ту гум не, вай ҳамин ҷо. Ҳа, ақлу ҳуш дорад, гум намешавад. Ба юнучқазор рав. Ҳа, ба бедапоя...

Шоиста лаҳзае бовар накард, ба рӯи хаткашон пакпак нигоҳ карда истоду ошӯби дилаш паст шуд ва ба худ омада:
— Раҳмат, амақҷон, — гуфт ва гӯё аз шодӣ ба куртааш намеғунҷида бошад, бо сари баланд рӯ ба ҷониби юнучқазор тохт.

Дар юнуҷқазори барфпӯшида, ки баҳорон ҷои чиллакбозию тӯббозии бачаҳо мешуд, ҳоло се-чор бача
афтону хезон бо биниҳои аз хунукӣ сурхшуда дар атрофи Аминҷон тохту тоз дошт. Аминҷони бепарвои
олам чӯбчилла ба даст, гоҳ ин тараф ҳаллос карда ва
гоҳ ба он тараф ҷаҳида, риштаи бодбаракро мекашиду
таранг карда боз сар медод. Сурфа барин бодбарак
дар авҷи осмон ғиззӣ-ғиззӣ шох зада, гоҳ паст мефаромаду гоҳ паҳлӯ рафта, боз ҳаво мегирифт, чарх мезаду думашро ликконда боз ба осмон меҷаҳид. Бодбаракаш садоҳои ларзон мебаровард. Шоиста сари марза истода, ба кори писараш зеҳн монд ва зонуҳояш
дарақ-дарақ ларзида, беҳолу мадор шуда, дар таҳи бед

пешина
аз 37
навбатӣ