Фарзияи усто Салим

Инро бинед-а, ҳозира одамон агар нафареро пазмон шаванд, тавассути телефон занг зада мепурсанд, чеҳраашро дидан хоҳанд, занг зада тавассути телефон мебинанд. Агар инсон дар дигар шаҳр бошад, занг задан гапи дигар аст, аммо агар ҳамсоя, хешу табор ё падару модарат дар наздикиҳои ту, дар як маҳалла зиндагӣ кунад, ҳамин хел рафта дидорбинӣ кунем хуб нест? Одамони ҳозира ҳамаро занг зада меистанд ва акнун ҳамсуҳбати инсон экран шуда дар он акси видеоӣ ё сурати ҳамсуҳбатро дида сухан мекунӣ, ки ин чиз он кайфияту ҳиссиёти суҳбати зиндаро дода наметавонад. Экран нозукиҳои чеҳраи инсонро дар фазои зиндаву табиӣ дода натавониста, каллаи ҳамсуҳбатро, дар ҳар экран бо ҳаҷми гуногун нишон медиҳад. Ин экранҳо ва ба қавле технологияҳои электронӣ инсонро танбал карда, аз дидори наздикон, ки он қадар дур нестанд, маҳрум месозанд ва бар ивазаш қолаби инсони электрониро пешниҳод менамоянд.
– Стоп, пас чаро ин қадар зарари телефонҳои мобилӣ зиёд асту онҳоро манъ намекунанд? – ногаҳон бо овози баланд суол дод Анӯшервон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё