Фарзияи усто Салим

Анӯшервон бошад дар назди тиреза рост истода, гӯё чашмонаш роҳ медида бошанд, ҳаракате зоҳир намекард. Хамсуҳбатон аз фикру изтироби Анӯшервон тасаввуроте надоштанд.
– Хуб, – давом дод мӯйсафед, – вақте ки мо аз зарари интернет ҳарф мезанем, аввалан мушкилоти вобастагӣ ба сари мо меояд, аллакай ибораи «вобастагӣ аз интернет» дар тамоми олам маълум буда, баъзе кишварҳои дунё онро чун мушкилоти сатҳи миллӣ арзёбӣ менамоянд. Ман дар бораи зарарҳои он ба чашму ҷисми инсон ҳарф намезанам, биёед дар бораи таъсири интернет ба фарҳангу маънавиёти одам каме сухан гӯям. Кадоме аз корбарони интернет, аз ин фишанги пурзӯртарини вобастакунанда, чун экрани телефон, смартфон, планшету оинаи нилгун худро мисли пештара бардам ҳис мекунад? Ман сад дар сад кафолат медиҳам, ки ин гуна инсон вуҷуд надорад, зеро экранҳо тавассути интернет қувваи моро, ба қавли дигар энержии моро мегиранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё