Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Лекин экранҳо моро ба осонӣ сар намедиҳанд, зеро онҳо яроқи пурзӯр, яъне интернет доранд. Агар мо чизеро аз экранҳо гирем, онҳо аз мо чизи муҳимтаринамонро кашида мегиранд, ки ин чиз «вақт»
ном дорад, бале вақти азизи зиндагӣ, ки барои нарафтан ба китобхонаю марказҳо захира мекунию, онро аз ту интернет даҳчанд маротиба мерабояд. Ин аст маккориии экранҳо тавассути яроқи хатарнокашон, ки ном дорад – «интернетҷон». Шояд шумо суол диҳед, ки чӣ гуна вақти азизамонро мегирифта бошад ин «шайтонинтернет»? Охир сабабҳояш зиёд аст-ку:
масалан яке аз онҳо тамошои филмҳои бемаънӣ, наворҳои ангезандаи фаҳшу зӯроварӣ, суруду клипҳои мазмунан сабук, бозиҳои гуногуни компютерӣ, ки зарарашон беҳисоб аст, хабарҳои ночиз, ки дар бораи ситораҳои эстрадаю филмҳои фач ҳарф мезананд, дақиқаҳои ҳаёти бе ин ҳам кӯтоҳи моро мерабояд. Ин танҳо қатрае аз уқёнус аст.
Усто Салим, ки аз чунин таҳлили воқеан фавқулодаи дӯсташ ба ҳайрат афтода буд, илова намуд, – комилан як фикри аҷоибро баён намудед, дӯстам, бо иҷозати шумо ман мехостам як иловаи хурдакаке кунам, то таҳлили шумо боз ҳам мукаммалтар гардад.

пешина
аз 161
навбатӣ