Фарзияи усто Салим

Аз ин андешаҳои дӯсташ Анӯшервон баланд хандида гуфт,- шояд ин фарзияат рост бошад, аммо илтимос, директор мабодо фаҳмида намонад, ки аз ҳамон маошат ҳам мемонӣ.
– Э не, намефаҳмад, ин мушоҳидаҳо аз ҳамин утоқи кориамон берун намераванд, – гуфт Умед.
– Бигзор ҳамин хел ҳам шавад, лекин ман як чизро намефаҳмам, маоши мо баробар аст, ман одами зандору кӯдакдор ҳастам, аз рӯи мантиқ бояд харҷам бештар бошад, зеро ту на зану на кӯдак дорӣ, пас чаро маоши ман бо вуҷуди ин қадар сарфҳо то охири моҳ мебурдаасту, аз они ту дар ними моҳ ба охир мерасад? – пурсид Анӯшервон.
– Дар ин ҷо ягон чашмбандӣ нест, дӯстам, тавре ки шумо гуфтед, шумо зандору кӯдакдоред, аз ин лиҳоз пулро сарфакорона истифода мебаред. Фикри фардоро мекунед, ки мабодо бепул монда зану фарзанд азоб накашанд, маҳз зану фарзанд, шуморо аз харидҳои нодаркор нигоҳ медорад, барои ҳамин шумо масъулиятро бештар ҳис мекунед. Ман бошам, танҳо як сари сахту хоҳишҳоям, маҳз бемасъулиятӣ, аниқтараш безанию бефарзандӣ хароҷотамро даҳчанд мекунад ва пулро ба ҳар чизҳои даркору нодаркор сарф мекунам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё