Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

беҳтараш агар шумо фурсат медоштед, мо ба он ҷо мерафтем ва бо чашми худ медидеду ҳамаашро мефаҳмидед.
Анӯшервон аз кораш ҷавоб гирифта, якҷоя бо мошини сабукрави олмонии охири асри ХХ-и полковник ба сафар баромаданд.
Паноҳгоҳи усто Салим аз маркази шаҳр тақрибан 100–120 километр, дар самти ҷануби кишвар ҷойгир буда, бо мошини сабукрав ба он ҷо расидан тақрибан ду соат вақтро мегирифт. Дар давоми ин ду соати сафар, Анӯшервон аз полковник оид ба ҷузъиёти «кулбаи ҳузн»-и интихобнамудаи ин марди аҷиб маълумоти бештарро гирифта тавонист.
Ба Анӯшервон маълум шуд, ки паноҳгоҳи усто Салим дар ҳудуди чаҳор садяк гектар замин дар як гӯшаи камодами деҳаи хурдакаке ҷойгир шудааст. Аз сабаби камобии он маҳал, ҳамагӣ панҷ хоҷагӣ дар ин макон умр ба сар мебурдаанд. Анӯшервону полковник ба манзил расиданд.
– Ин аст, бародари азиз, паноҳгоҳи дӯстамон, – гуфта, аз мошин баромаду ба самти хонаи якошёнаи аз лой сохташуда ишора намуд ӯ. Ҳарчанд ки соат нав яки рӯз шуда буд, аммо сукуту беодамии ин макон нишона аз он медод, ки гӯё ними шаб шудаасту ҳама дар хонаҳои худ хобанд.

пешина
аз 161
навбатӣ