Фарзияи усто Салим

Дар бораи ин макон танҳо се нафар – ману шумою профессор медонему халос. Ва хоҳиши ман ин буд, ки ӯро маҷбур накун, то ақидаашро дигар намояд, ин чиз ба ягон кас муяссар намешавад, мо кӯшишҳои зиёде кардем, лекин кор накард. Ту ҳам, писарам, бояд ин чизро ба инобат гирӣ ҳангоми суҳбат бо ӯ. Акнун мо ба паноҳгоҳ медароем. Ҳамин, ки суҳбат анҷом ёфта баромадем, ба шаҳр меравем, – гуфт ӯ.
Баъдан, полковник калиди ҳавлиро аз ҷайби шимаш бароварду дари асосиро кушода ба Анӯшервон фаҳмонд, ки мӯйсафед як ҷуфти калидро ба полковник, барои ҳолати мабодо супоридааст. Онҳо ба саҳни ҳавлӣ даромаданд. Ҳавлӣ пур аз дарахтони гелос, олую себ, меваҳои зиёде дар шохаҳову чанде дигар дар замин талчида буданд. Дар боми хона як батареяи калони офтобӣ ҷойгир шуда, хона ва паноҳгоҳи Салимро тамоми сол бо барқ таъмин мекунад. Полковник бо калиди дигар дари даромади хонаро кушода, ба хона даромад. Бино аз чаҳор ҳуҷра иборат буда, ба ҷуз аз се-чор кӯрпачаю болишт дигар чизе надошт, дар тарафи чапи фарши он даричаи оҳанин ба сӯи таҳхона ё «паноҳгоҳ» мебурд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё