Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Мардуми одӣ, ки ҳаёти худро бе экранҳо тасаввур карда наметавонад, дар бораи зарари он ҳатто фикр ҳам намекунад, зеро расонаҳо, ки худ дар доми экранҳоанд, ба ин масъала аҳамияти махус надода, танҳо баъзан як-як мақолаеро оид ба зарари телефону мавҷҳои электромагнитӣ рӯи чоп медиҳанд. Баъдан, телевизиону шикратҳои истеҳсоли телефонҳои мобилӣ соҳиби маблағҳои зиёд буда, намегузоранд, ки маълумоти манфӣ оид ба маҳсулоти онҳо паҳн гардад ва баръакс экранҳоро яке аз беҳтарин ихтирооти башарӣ эълон кардаанд. Дар ин кор рекламаҳои маҳсулоташон, ки тавассути боз ҳамон экранҳо ба воситаи интернету телевизиону радиову филмҳо ба майнаи сари одамони одӣ образи мусбати ин таҷҳизотҳоро ворид намудаву бо ин роҳ тасаввуроти неке бофтаанд, мардумро фиреб медиҳанд. Чӣ гуна метавон дар бораи озодӣ аз экранҳо ҳарф зад, агар аз рӯзи таваллуд тифли бегуноҳ аллакай дар иҳотаи экранҳост, ӯ инро чун чизи одатӣ қабул мекунад, ҳатто гумон намекунад, ки бе экранҳо ҳаёт мавҷуд аст. Ба фикрам ин эзоҳи ман шуморо қонеъ кард? – пурсид мӯйсафед.

пешина
аз 161
навбатӣ