Фарзияи усто Салим

Аслан, Анӯшервон хушдоманашро бениҳоят эҳтиром мекард, модарашро ба ёдаш меовард.
Модараш аз бемории саратони меъда, дар овони кӯдакии Анӯшервон, вақте ки ҳанӯз 9 сол дошт, тарки олам намуда буд. Падарашро бошад ӯ дар ҳаёташ надида буд, танҳо медонист, ки онҳоро партофта ба хориҷа рафта буд.
– Дадаҷон, качелик кунем, – хоҳиш намуд Рустамҷон.
– Албатта мекунем шери дадеш, – посух дода ҳар се ба самти майдончаи дилхушии боғ қадам гузоштанд.
Боғи Ирам, ки дар канори шаҳр ҷойгир буд, масоҳати беш аз 40 гектарро фаро гирифта, бо гулу дарахту ниҳолҳои гуногуну нодираш макони сайёҳони хориҷӣ ва сокинони шаҳру навоҳии кишвар буд.
Махсусан рӯзҳои истироҳат он ҷойгоҳи хурсандии навхонадорон шуда буд. Даҳҳо ҷуфтҳои нозанин, ки аз паси ҳамдигар монанди товусҳо оҳиста – оҳиста қадам мениҳоданд, ба манзараи кулли боғ як навъ оҳанги романтикӣ мебахшиданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё