Фарзияи усто Салим

Ӯ ҳайрон буд, ки чаро ин қадар духтари боғайрат аз дидори мӯйсафед метарсида бошад, шояд ӯ низ бояд тарсад? Аммо аз чӣ? Аллакай дер шуда буду бояд ваъдаро иҷро кард. Як навъ ҳаяҷоне вуҷудашро фаро гирифта буд. Воқеан ҳаяҷон ҳолати эмосионалие будааст, ки одатан қабл аз интизории ягон вохӯрӣ ё ҳодисае ба ҳолати асабоният меоварад. Бинобар ин Анӯшервон худро ноором эҳсос мекард. Чӣ гуна таом хӯрдану дар бораи чӣ гап задани Умедро нафаҳмида, вақти хӯроки нисфирӯзӣ низ ба анҷом расид.
III
Утоқи кории усто Салим дар ошёнаи дуюми
нашрия ҷойгир буда, дар ин ҷо охири роҳрав, ки
одатан ҳатто чароғ равшан набуд, аҳён-аҳён нафареро
дидан мумкин буд. Инчунин, аз сабаби набудани
рӯшноии табиӣ, 24 соат ошёнаи дуюми корхона
нимторик буда, агар чароғ гирон набошад, умуман як
зулмоти фарогирандае буд. Боз як чизи дигар
Анӯшервонро ба тааҷҷуб оварда буд, ки ошёнаи
дуюмро чун анбори нашрия ва ҷои нигоҳ доштани таҷҳизоти фарсудаи корхона истифода мебурданд ва ғайр аз усто Салиму мудири хоҷагӣ, ки гоҳ-гоҳ пайдо мешуд, касе дар он ҷо утоқи корӣ надошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё