Фарзияи усто Салим

– Кист он ҷо? – садои оташини мард баланд шуд.
– Ин ман, ҳамкоратон Анӯшчик, э Анӯшервон ман, ҳа Анӯшервон, имзои шумо лозим будаст, устод, маошатона гузарондан лозим, маро аз шуъбаи молия фиристонданд, – Анӯшервон хело ба эҳсос омада буд, ки калимаҳоро чаппаю роста мегуфт.
Баъд аз шунидани садоҳои пасту баланд, Анӯшервон ба хулосае омад, ки усто утоқро ба тартиб дароварда истодааст.
Ин амал тақрибан 2–3 дақика давом ёфта, пас аз он дар боз шуд.
– Марҳамат дароед, – гуфта бо дасти росташ ба самти дохили утоқ ишора кард усто. Даромадан замон утоқ дар назари Анӯшервон хело чароғон намуд, шояд аз сабаби он бошад, ки вақти зиёдаш дар роҳрави торик гузашта, яку якбора аз ҷои зулмат ба утоқи равшан дохил шуда буд.
Дар шифт ягон хел қандил набуда, чароғаке ба сими барқии дароз овезон буд. Аз тарафи чапи утоқ, ҷевони куҳнаи замони шӯравӣ, ки пур аз китобҳои гуногунҳаҷми зери чанг ғӯтида ҷойгир буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё