Фарзияи усто Салим

Анӯшервон аз рӯи хислату мизоҷаш ба гурӯҳи меланхоликҳо, ки одамони ороманду, муҳтоҷи эҳтиром нисбат ба шахсияти худ ҳастанд, дохил мешавад. Ӯ бениҳоят инсони кунҷков буда, ин кунҷковӣ сар то сари ҳастиашро фаро гирифтааст.
Натиҷаи чунин хислат дар воқеаҳои минбаъдаи ҳаёташ таъсири ногусастанӣ расонидааст, ки хонандаи азиз аз он дертар бохабар мегардад. Баъдан, дар тӯли зиндагӣ кунҷковии қаҳрамони асарамон шакли прогресивӣ гирифта, аз ҳама бештар назараш ба мушоҳида намудани шахсони гирду атроф, шиносу ношинос ҷалб мегардад... – Чаро ҳамсояи барамон ҳамеша табассуми макоромез дораду дар лаҳзаҳои даркору нодаркор ин табассум ҳамеша дар лаби ӯст?
Чаро мошини ҳамсоя доим дар шафати хона аст, магар ӯ кор намеравад? – ва амсоли он фикру мушоҳидаҳо.
Аз тарафи дигар, ин кунҷковиҳо як навъ қобилияти шинохта тавонистани инсонро дар ӯ инкишоф медод.
Воқеан, чаро бо чунин таваҷҷӯҳу пурсуҷӯ касби рӯзноманигор ё корманди ҳифзи ҳуқуқро интихоб накардааст? Тӯли 7 соли ҳаёти якҷоя Нигинабону нисбат ба хислати шавҳараш як навъ назари файласуфона пайдо намуда, ба ӯ одат карда буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё