Зеҳн
Фарзияи усто Салим

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 161 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Хулоса, тамоми маҷлисро шарҳ додан шарт нест, зеро он тӯли се соат идома ёфта ба бурду бохти кори нашрия ва нақшаҳои дуру наздики он тааллуқ дошт.
Дар рафти маҷлис низ мушоҳидакории Анӯшервон ба кор даромаду як-як аҳли толорро аз назар гузаронда худ ба худ андеша мекард:
– Ина бинан-а, чӣ гуна вазъият барои одам таъсир мерасондааст… дар маҷлис агар мавзӯъ ҷиддӣ бошад, аҳли толор зоҳиран тағйир ёфта, тамоми баданашон мисли қайроқсанг ба худ печидаю маҳкам ва бо як салобати хоса дар курсӣ менишинанд, агар камераи аксбардорӣ ё мӯқалами рассоми боистеъдод мешуд, ин ҳолати рӯҳиро хубтару возеҳтар тасвир мекард. Ин андешаҳо дар сари қаҳрамонамон чарх мезаданд, ки ногаҳон мақолаи дирӯзакак дар кадоме аз ҳафтаномаҳо хондааш ба хотираш омад. Дар он мақола оид ба яке аз тадқиқотҳои олимони аврупо сухан рафта собит шудааст, ки баргузор намудани маҷлисҳо дар корхона вақтро беҳуда гузаронидан будаасту халос ва маъмурияти ширкатҳои хориҷӣ ин чизро хуб дарк кардаанд.

пешина
аз 161
навбатӣ