Фарзияи усто Салим

Ин чизаки хурд, ки дар як кафи даст ҷой мешавад, комилан тамоми одамонро, чи хурду калон ва чи пиру ҷавонро ба худ тобеъ кардааст. Агар нохост аз дасти «телефонзомбиҳо» гӯшакро гиред, чунон асабонӣ мешаванд, ки шуморо зада куштанашон мумкин аст. Аз ин маълум мешавад, ки вобастагии телефонро низ чун вобастигӣ ба носу сигору майу дигар машруботи спиртӣ ва ҳатто маводи нашъа ба ин гурӯҳ ворид кардан ҷоиз аст.
Инсонро бе телефон як ҳафта гузоред, ба фикрам девона шуданаш аз эҳтимол дур нест, магар ин вобастагӣ нест?. Агар ин фикрро рад кардан хоҳед, пас чаро шахс наметавонад аз телефонаш як лаҳза дур шавад? Ҳатто дар вақти хоб телефон дар бараш фаъол аст, мабодо он дар хона аз хотираш баромада бошад, беқарор мешавад, гӯё чизи муҳимро гум кардааст, магар ин вобастагӣ нест? – гуфта муроҷиат намуд ба ҳамсуҳбатонаш усто Салим.
– Истед! Хоҳиш мекунам, бас аст! – ногаҳон бо овози баланд фарёд зад Анӯшервон. Маълум буд, ки ӯ аз шунидани ин андешаҳо нисбат ба телефону экранҳо монда шуда акнун мехост фикрашро гӯяд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё