Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт

БОБОБЕК РАҲИМӢ
ОШНОӢ БО БЕДИЛ
Душанбе – 2004
АЗ МУАЛЛИФ
Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд. Аксари мақолаҳо қаблан дар маҷаллаву рӯзномаҳо, маҷмӯаҳои илмӣ ва дигар нашрияҳои ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расидаанд. Чунончи, мақолаҳои «Таҳқиқи назми Бедил», «Мирзо Бедил ва Бедилҳои дигар» ва «Тааммуле дар сабки Бедил» дар маҷаллаи «Садои Шарқ» (1981, №4, 1985, №7, 2002, № 4-6), «Марқади дурӯғини Бедил» дар маҷаллаи «Адаб» (1993, № 3-4), «Инъикоси Бедил дар китобҳои дарсӣ» дар маҷаллаи «Маърифат» (1995, № 1-2), «Чанд мулоҳаза доир ба «Тури маърифат»-и Бедил» дар маҷаллаи «Хуҷанд» (2002, №11, 12), «Дебочаи Куллиёт ё муқаддимаи девон?» дар маҷаллаи «Хуросон» (Кобул, 1364, № 24-25), «Маъхази як ҳикояти Бедил» дар маҷмӯаи «Масъалаҳои эроншиносӣ» (Душанбе, 1991), «Як асари рамзии Бедил» дар маҷмӯаи «Масъалаҳои шарқшиносӣ» (Душанбе, 1987), «Маънои тахаллуси Бедил» ва «Муҳити аъзам» ба хати худи Бедил» дар «Ахбороти АИ Тоҷикистон»
(Серияи шарқшиносӣ, 1988, №2, 1990, №2), «Чорунсур»-и Бедил» ва «Баёзи Бедил» дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» (20. . 10. 1979, 20. 03. 1979), «Маснавии нахустини Бедил»
дар рӯзномаи «Газетаи муаллимон» (2. 02. 1988) «Нусхае аз девони Бедил», «Ташбеҳоту тамсилот ё номе бенишон» ва «Гули зард»-унвони собиқаи «Тури маърифат» дар рӯзномаи «Омӯзгор» (23. 10. 1990, 12. 08. 1992. 15. 12. 1993), «Забони модарии Бедил» ва «Никоти Бедил» дар рӯзномаи «Адабиёт ва санъат» (12. 08. 1997, 1. 11. 2002), «Устод Айнӣ ва бедилшиносони Афғонистон» дар рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» (30. 11. 2001) чоп шудаанд. Мақолаҳои мазкур дар ин ҷо бо таҳриру тасҳеҳ ва иловаҳои зарурӣ дарӣ гардидаанд.
Мақолаҳои «Маълумоти сарчашмаҳо дар бораи Бедил», «Бедил ва муддати сипоҳигарии ӯ», «Бедил ва сабабҳои дар Эрон шӯҳрат наёфтани ӯ», «Чанд сухан дар бораи баъзе нусхаҳои хаттии осори Бедил», «Аз таърихи шарҳи осори Бедил», «Тарҷумаи туркии як ғазали Бедил», «Аз таърихи нашри осори Бедил» ва ғайра бори аввал ба нашр мерасанд.
Азбаски мақолаҳо дар солҳои гуногун иншо шудаанд, баъзе фикрҳо ва далелу хулосаҳо дар онҳо такроран сабт гардидаанд.
Муаллиф ба ҳамаи онҳое, ки дар кори таҳриру тасҳеҳ ва нашри ин маҷмӯа саҳме гузоштаанд, ибрози сипос менамояд.
МИРЗО БЕДИЛ ВА БЕДИЛҲОИ ДИГАР
Дар таърихи адабиёти халқҳои Шарқ, аз ҷумла дар адабиёти форсизабон, бо як тахаллус асар эҷод намудани ду ва ё зиёда муаллифон ҳодисаи маъмул буда, диққати олимони ин соҳаро борҳо ба худ ҷалб намудааст. Дар ин хусус дар мақолаҳои Абдулғанӣ Мирзоев «Муфиди Балхӣ ва Муфиди Яздӣ» (маҷаллаи «Проблемы востоковедения», 1952, №5), Саъдоншоҳ Имронов «Ибни Ямини Фарюмадӣ ва Ибни Ямини Шибурғонӣ» (Садои Шарқ, 1964, №12), Абӯбакр Зуҳуриддинов «Нозим Шоҳмирзо ва Нозим Фаррухҳусайн (Садои Шарқ, 1965, №2)», Зоҳир Аҳрорӣ «Абдураҳмон Мушфиқии Бухороӣ ва Мушфиқиҳои дигар»
(Садои Шарқ, 1965, №6), Абдуллоҷон Ғаффоров «Зебуннисо ва муаллифони «Девони Махфӣ» (Садои Шарқ, 1966, №4), Раҳим Мусулмонқулов «Ҳаҷрӣ» Бобур нест?» (маҷмӯъаи «Дарахти дӯстӣ биншон», Душанбе, Адиб, 1987) андеша ва мулоҳазаҳои судманд иброз шудаанд.

аз 250
навбатӣ