ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Чунон ки навиштаҳои муаллифони мазкур ва ошноии бевосита ба манбаъҳои адабӣ собит месозанд, дар таърихи адабиёти форсизабони ҷаҳон қариб панҷоҳ шоир бо тахаллуси «Ҳофиз», беш аз чиҳил шоир бо тахаллуси «Алӣ», сӣ шоир бо тахаллуси «Фонӣ», беш аз бист шоир бо тахаллуси «Олӣ», зиёда аз даҳ шоир бо тахаллуси «Нозим», ҳашт шоир бо тахаллуси «Шайдо», панҷ шоир бо тахаллуси «Мушфиқӣ» ва шоирони зиёде бо тахаллусҳои «Авҳадӣ», «Асир», «Аттор», «Бисмил», «Вола», «Дониш», «Камол», «Лавҳӣ», «Машраб», «Мухлис», «Низомӣ», «Осафӣ», «Фахрӣ», «Шавкат», «Шӯхӣ», «Ҳилолӣ», «Ҳолӣ», «Ҷомӣ»
ва ғайра зиндагӣ ва эҷод намудаанд.
Аз ҷумла бо тахаллуси «Бедил» низ муаллифони бисёре арзи вуҷуд кардаанд, ки доир ба чанде аз онҳо баъзе маълумотҳоро дастрас намудан мумкин аст. Чунончи, ба ғайр аз шоири маъруф Мирзо Абдулқодири Бедил (1644-1720) беш аз бист нафари дигарро метавон ном бурд, ки бо ин тахаллус асар эҷод кардаанд.
Табиист, ки мақоми ҳамаи ин шоирон дар таърихи адабиёт якхела нест. Қисме аз онҳо осори зиёди манзум ва мансур таълиф намуда, дар ҳаёти адабии асрҳои хеш нақши босазое дошта бошанд, гурӯҳи дигар ба ҷуз абёти башумор мероси дигаре аз худ боқӣ нагузоштаанд.
Ба нисбати возеҳии замони зиндагӣ ва маҳалли таваллуду муҳити камолот низ тақдири ин шоирон якхела нест.
Дар ҳар сурат, ба хонандаи умум ошно намудани онҳо аз фоида холӣ нахоҳад буд. Ин масъала аз, як тараф, ҳодисаи бо як тахаллус шеър гуфтани адибони зиёдеро бори дигар таъкид намояд, аз сӯи дигар, муҳаққиқон ва хонандагонро водор месозад, ки дар мавриди ба Мирзо Абдулқодири Бедил нисбат додани ин ё он асари бедилтахаллус ин факти адабиро дар назар дошта бошанд.
Ҳамаи он шоирони бедилтахаллусе, ки замонҳои зиндагиашон ба мо маълуманд, ё муъосирони Мирзо Абдулқодири Бедиланд, ё баъд аз ӯ дар асрҳои XVIII-XX зиндагӣ кардаанд. Аз ҷумла чаҳор нафарашон ҳамаср ва ҳамватанони ӯянд. Яке аз онҳо Иноятуллоҳ ибни Муҳаббаталӣ Бедили Саҳоранпурист, ки ба қавли муаллифи тазкираи «Рӯзи равшан»
(соли таълиф 1880) Музаффар Ҳусайни Сабо, дар замони салтанати Оламгирподшоҳ ба рафоқати Ғазанфархон ҳокими Саҳоранпур ба комронӣ умр ба сар бурдааст. Бино бар қавли Холмуҳаммади Хаста, Бедили Саҳоранпурӣ ҳамроҳи мамдӯҳи худ Ғазанфархон дар Кобул низ иқомат намудааст. Хаста илова кардааст, ки қабре ки дар мавзеъи Хоҷаравоши Кобул бо номи «Қабри Бедил» шӯҳрат дораду дар баъзе таълифот қабри Мирзо Бедил дониста шудааст, шояд ба ҳамин шахс тааллуқ дошта бошад (Ниг.: Хаста, Мунтахабуззамон Абдулқодири Бедил –маҷаллаи «Жувандун», Кобул, 1342, №20).
Муаллифи «Рӯзи равшан» аз осори Бедили Саҳоранпурӣ ҳамагӣ ду рубоъӣ овардааст, ки инак иқтибос мешаванд:
Гул орзуи тарфи кулоҳе дорад,
Наргис назаре бар сари роҳе дорад.
Бардошт баҳор ранҷ дар кори чаман,
Аз чашми ту уммеди нигоҳе дорад.
Эй зулфу рухи ту субҳу шоми дилҳо,
В-аз ҳаҷри лаби ту талх коми дилҳо.
Бар боди сабо ба кӯчаҳои зулфат,
Танг аст гузор аз мақоми дилҳо.
Ҳамасри дигари Мирзо Абдулқодири Бедил, ки низ дар аҳди Аврангзеби Оламгир (1658- 1707) зиндагӣ кардааст, шоири ҳиндунажод Чандрмани Бедил аст. Ин шоир асосан ба таҳрири форсии қиссаҳои маълуми ҳиндӣ шуғл доштааст. Манзумаҳои «Қиссаи Кришна», «Ҳикояти Бакрам», «Зафарнома» ва «Баҳори сухан» аз ҷумлаи таснифоти ӯянд. Илова бар ин ду таҳрири форсии қиссаи машҳури ҳиндуҳо «Рамаяна», ки яке дар насру дигаре дар назм аст, ба қалами ӯ таъаллуқ доранд. Таҳрири манзуми он бо номи «Наргисистон» маъруф аст ва дар соли 1875 дар Лакҳнав чопи сангӣ шудааст. Бино бар маълумоте, ки дар рисолаи Нурулҳасани Ансорӣ «Адаби форсӣ дар аҳди Аврангзеб» (Деҳлӣ, 1969) мавҷуд аст, «Наргисистон» дар байни солҳои 1104-1105, (1692-1694) таълиф шуда, ба подшоҳи вақт Аврангзеби Оламгир бахшида шудааст. Маснавӣ аз шаш дафтар иборат буда, панҷ дафтари аввал дар баҳри ҳазаӣ ва дафтари охир дар баҳри мутақориб гуфта шудаанд. Аз порчаҳое, ки Ансорӣ иқтибос кардааст, маълум мешавад, ки маҳорати суханварии ин шоир ба дараҷаи кофӣ набудааст. Байтҳои зайл далели ин фикранд:
Аз он рӯ байт созад ин мусанниф,
Ки Чандрман бувад номи муаллиф.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё