Зеҳн
ЗАМИНИ МОДАРӢ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 110 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳар касе мағлуб дар умраш набуда,
Ҳаргиз ӯ ғолиб нахоҳад шуд.
ШАҲРИ ОРКЕНИЗ
Яке аз гӯшаи саҳро хамидаст,
Гули сурху сафед андар баногӯш.
Дигар аз рӯзи машкил мегурезад,
Чу як оворагарди хонабардӯш.
Яке беғам, дигар истода ғамгин,
Ду одам рӯбарӯ дар пагоҳи дар,
Яке аз шаҳр мехоҳад барояд,
Дигар дорад хаёли кӯчаи шаҳр.
Ба ғур-ғур посбон мепурсад аз ӯ:

  • Чаро, эй дарбадар, боре надорӣ?
  • Диламро бекасӣ санги гарон кард,
    Варо аз хеш афкандам ба хорӣ.
    Дигар оҳиста мегӯяд ба дарбон:
  • Ҳавои ошиқӣ дорам, бародар.
    Маро он ҷо арӯсе интизор аст,
    Дили шайдову ошиқ мебарам шаҳр.
    Ба оби дида механдад дар ин гап
    Ба сӯи шаҳр дастафшонда дарбон:
  • Яке тоҷ бар сар мегузорад,
    Якеро мекунад ӯ хонавайрон.
    Даҳони бози дарбони шаробӣ
    Ҳаворо мекунад якбора бадбӯй.
    Чу каҳ пуф мекунад дарвозаи шаҳр
    Гаҳи хуфтанду одамро ба ҳар сӯй.
    ТИРАМОҲ
    Тирамоҳ,
    Тирамоҳи зарди бемор,
    Бодҳо вақте ки наҷво мекунанд
    Дар санавбарзор,
    Мерасад умрат ба поён.
    Мурдаатро мекунад гӯру кафан фасли зимистон.
    Мерасад рӯзе, ки борон
    Ҳамчу ашки сӯгворон
    Мечакад аз шохсорон,
    Мешавад якбора пуроб
    Чашмҳои ҷӯйборон.
    Ҷомаашро мебарорад ҷангал аз тан,
    Мекашад аз шохаҳояш боди раҳзан.
    Он замон бо абрҳо абри парешон мешавам ман,
    Он замон бо боду борон,
    Боду борон мешавам ман.
    Он замон мекобам аз мурғони нолон ёру ҳамдам,
    Бо хазони кӯчаҳо дар кӯча яксон мешавам ман.
    Он замон говазни танҳоям мани танҳо
    Дар миёни ҷангали бебаргубор,
    Сахт метарсам ман аз танҳоии хеш,
    Ҷангали урёни ман пинҳон намедорад маро.
    Дар даҳонам бӯи душман мекунад оби равон,
    Бар машомам бӯи душман мекунад боди хазон.
    Шир-шири барги дарахтон
    Шир-шири гурги равон аст он замон.
    Сергей ЕСЕНИН
    (Русссия)

Эй хумори бӯса, лабҳои маро
Лаҳзае хуншор кун аз бӯсаат!
Баҳри лабҳои ту дар лабҳои ман
Монда ҷои бӯсае чун ҳиссаат.
Зиндагонӣ соғари базм асту бас,
Ҳар касе як бор навбатхори ӯст,
Ҳар касе як бор меояд ба даҳр,

Бехато қонуни нотакрори ӯст.
Андак аз кори фалак андеша кун,
Моҳро гашти фалак кам мекунад,
Вақт онро то уфуқҳо раҳ ба раҳ
Гӯиё чун мурғ пар-пар мекунад...
Эй хумори бӯса, дар лабҳои ман
Монда ҷои бӯсае чун ҳиссаат!
Вақти мо танг аст, лабҳои маро
Лаҳзае хуншор кун аз бӯсаат.
Ишқро пеши ту арзон кардаам,
Барнагирам даст аз домони ту,
Кош рӯзи рафтанам аз ин ҷаҳон
Дар лабам бошад пайи дандони ту.
Дина шаб бӯи туро овард бод
Бар дили ранҷури ман ҳамчун даво,
Ваъдаҳое дод бо овози ту
Шир-шири гелоси худрӯе маро...
Зиндагӣ як бор меояд ба даст,
Зиндагонӣ соғари базм асту бас,
Нӯши ҷонат бод ин ҷоми тараб,
Чун намеоӣ ба дунё бозпас.


Ба сарои падар намеоям,
Соирӣ бурду бурд, дурам бурд.
Ғами талхи маро дар он манзил,
Гар хӯрад, шоҳдона хоҳад хурд.
Мон, ки дар марғзори сабзи падар
Бод хонад таронаҳо аз ёд.
Гули зангӯла руста аз пайи ман,
Гоҳ гиряд, гаҳе занад фарёд.
Моҳ шабҳо ба гӯшаи бомаш
Бинишинад ба фикри дидани ман...
Ман агар дар ғарибиҳо монам,
Мекунам аз хаёли деҳа кафан.
Лек ҳар раҳ, ки метавонад бурд,
Низ оварда метавонад боз.
Дар ҷавонӣ ватан надорад кас,
Ватан аз пирӣ мешавад оғоз.
Роҳу бероҳа дар ҷавонӣ як аст,
Лек пирон ба роҳ побанданд.

пешина
аз 110
навбатӣ