Зеҳн
ЗАМИНИ МОДАРӢ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 110 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар диёри меҳрубон бисёр ёдам карда буд
Курси маҳ монанди кампирони пазмони писар,
Хонаро бо панҷаҳои зарди худ мекофт ӯ,
То маро дар хоби худ ёбад магар бори дигар.
Солҳое дар замирам нури ин маҳтобро
Ҳар куҷо дар рӯи дунё армуғон мебурдаам,
Лек олам аз ману маҳтоби ман равшан нашуд,
Балки худ беҳуда медидам фақат дарду алам.
З-ин сабаб имрӯз баргаштам ман аз мулки дигар
Бо баҳору турнаҳо бар ҷониби ёру диёр,
То ғами олам дигар осуда бигзорад маро,
То шавам сарсабз бо долу дарахтон дар баҳор.
Эй баҳор, аҳди ҷавонии маро такрор кун,
То бихандам лаҳзае дар кӯи худ бебоктар.
То бигирям соате аз бахти худ бисёр талх,
Дар канори кулбаи чӯбии ободи падар.
Баски ман бар хонадони хеш баргаштам кунун,
Баъд аз ин хобу хаёлам он қадар ғамнок нест.
Аз ҳаминҷо, аз ҳаминҷо метавонам ёфт бахт,
З-осмон гар санг меборад ба фарқам, бок нест.


Дар интизори ту, эй моҳинав, ба меҳнату ранҷ
Нишастаам, ки дигарбора шеъраке гӯям!
Рафиқи аҳди ҷавонӣ, ҳанӯз бо ман бош,
Баро, шабона партави худро бирез бар кӯям!
Ҷавониҳои маро бештар ту медидӣ
Шабона зери дарахтони кӯчаҳо бо ёр.
Ҳанӯз мӯи сарам то башонаам мезад,
Ту гӯӣ, буд ҷаҳон аз ҷавониам саршор...
Дар ин замона маро худ ту дидаӣ беғам;
Намози шоми ҳамон тирамаҳ ба ёдат ҳаст,
Ки баргҳои дарахтон ба бод мерафтанд
Ва ман ба замзамае мезадам қадамсармаст.
Вале чи шуд, ки дигар ончунон нахоҳам буд,
Дигар зи ғуссаи шеъри нагуфта мекоҳам.
Чароғи хонаи ман гар шабе шавад хомӯш,
Биё ту бар лаби бомам, ки нур мехоҳам.
Ҳамеша ҷодаи шеърам дурушту тӯлонист,
Бибин, шабона мебарадам то даричаи рӯз.
Дар интизории ман то саҳар намехобад
Дарахти тӯси дари хонаам ба мисли арӯс.
Ба ман, ки дар дили шабҳо тарона мехонам,
Гумонам, эй маҳи бедории ман, туӣ ҳамдард...
Ба сӯи дашту даман сатрҳои шеърамро
Қатори турнаи фасли баҳор бояд кард.
Бернар БУА ДАРЙЕ
(Соҳили Оҷ)
ГИРЯ МАКУН
Африқо,
Модари мушфиқ,
Дигар гиря макун!
Ашк беҳуда марез,
Баччаҳоят,
Ҳама он дарбадарон,
Ҳама меҳнатзадагон,
Ҷон ба каф боз ба оғӯши ту бармегарданд.
Ҳама он хунҷигарон меоянд,
Лек дар ҳукми насими саҳару шир-шири об,
Дар рамузи шафақу ранги ғуруб,
Гоҳ дар сурати хуршед,
Гаҳе чун маҳтоб.
Африқо, модари ғамхор,
Дигар гиря макун,
Ашк беҳуда марез,
Аз ҳама чашмаи бадбахтию хушбахтии даҳр
Об нӯшида,
Ба оғӯши ту бармегардем...
Ҳама бо бӯи дарахтони ту кардем фирор,
Ҳамраҳи абри баҳори ту пароканда шудем,
Чанд овора шудем.
Ҷумла бо ёди ту кардем басе дарбадарӣ,
Боз бо ёди ту бармегардем.
Африқо,
Гиря макун,
Ашк марез,
Баччаҳои ғаму кулфатзадаат
Ҷон ба каф боз ба оғӯши ту бармегарданд.
Ҳама бармегарданд,
То аз он тори умеде,
Ки таниданд дар оворагӣ аз шаҳр ба шаҳр,
Ҷома дӯзанду туро пӯшонанд.
Марсиал СИНДА
(Конго)
ДАБА
Аҳ... уҳа!
Магар намешунавед?
Ин садои дурушти дабаи мост.
Даба бар санг мезанад нолон,
Даба ин гуна мекунад бедод.
Даба аз хоки сахт, хоки ғариб
Меканад лахт-лахт бо фарёд.
Ин силаҳ гарчи сулҳангез аст,
Лек монанди найзаҳо тез аст.
Ҳар қадар неши ӯ ба синаи хок
Сарду сангин фурӯ равад бебок,
Мешавад ӯ ба мисли найзаю теғ
Он қадар саҳмовару хунрез.
Аҳ...уҳа!

пешина
аз 110
навбатӣ