ЗАМИНИ МОДАРӢ

Аз барои шамидани нафасе,
Аз барои чашидани даҳане,
Аз барои навозиши бадане,
Панҷ ҳис дар вуҷуди ман кам буд,
Дар бадан ноқис он ҳама эҳсос,
Хоса, дар бӯсаи нафасгире,
Хоса, дар бӯсаи нафасгардон,
Ки ту беихтиёр меларзӣ
Аз таби изтиробу аз ҳаяҷон…
Кӯчаҳои ҷавониам шабу рӯз
Бӯйи атри занона мекарданд,
Бӯйи атри занона аз ҳар сӯй,
Бӯйи атри занона аз ҳар кӯй,
Ғайр аз ин бӯй бӯ намекарданд.
Кӯчаҳои ҳазору як таби ман,
Кӯчаҳои «Ҳазору як шаб»-и ман.
Исмоили Сомонӣ девори Бухоро буд
Аз хуни Сиёвушем, ҳамхуни Сиёвушем,
Аз ҷомасафедонем, ҳар ҷома намепӯшем.
Ҳамсоли «Авасто»-ем, ҳамоташи Зардуштем,
Мо оташи зардуштӣ нокушта намекуштем.
Исмоили Сомонӣ девори Бухоро буд,
Мо ҳамватани ӯем, ӯ ҳамватани мо буд.
Мо ҳам кӯҳи хороем, девори Бухороем.
Девори Бухороем, мо ҳам кӯҳи хороем.
Як тоифа аз Лоҳур, як тоифа аз Тӯсем,
Ҳам вориси қомусем, ҳам вориси номусем,
Ҳамшаҳрии Фирдавсӣ, ҳамшаҳрии Иқболем,
Ҳамшаҳри баномусем, ҳамшаҳри баиқболем.
Мо шеъру ғазалбофӣ аз рӯзи азал кардем,
Садҳо Раҳи Абрешим аз шеъру ғазал кардем,
Дар шеъри Аҷам шир аст, дар шири Аҷам шер аст,
Анбӯҳи қаламзораш найзори қаламшер аст.
«КОХИ НАВРӮЗ»-И КАЁНӢ
«Кохи Наврӯз»-и каёнӣ –
2 Сафедҷомагон – пайравони Муқаннаъ (ин ҷо ва минбаъд - шарҳу тавзеҳҳои муаллиф).
Бурҷи истиқболи хуршед,
Анҷуманҳояш чу анҷум,
Дар Душанбе Тахти Ҷамшед.
Тӯҳфаю тақдими миллат,
Тӯҳфаю тақдими олӣ,
Пешгоҳи ҷашни Наврӯз,
Ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ.
Ними дунёро, ки бо мо
Рӯзию рӯзи шарикист,
Низ бо як ними дунё
Ҷашни Наврӯзи шарикист.
Марҳабо рӯзи шарикӣ,
Иди Наврӯзи шарикӣ,
Ҷашни сарсабзии дунё,
Базми гармии бағалҳо…
«Кохи Наврӯз»-и каёнӣ
Бурҷи истиқболи хуршед,
Анҷуманҳояш чу анҷум,
Дар Душанбе Тахти Ҷамшед.
Як саду як зинапоя
То дараш таъзими ваҳдат,
Як саду як зинапоя
То дараш таъзими миллат.
МАН ХУДАМРО КУШТА-КУШТА…
Гӯиё ман пеш аз ин ҳам,
Солҳои бешуморе зинда будам,
То кунун будам ҷавону пир,
То кунун вобастаи дунёву дунёгир.
Гарчи дар ҳукми дарахти наврасам ман,
Дидаам бас навбаҳоронро,
Дидаам бас баргрезонро,
Дидаам дар пояам сад бор пайванд,
Монда андар пояи ман банди ҳар пайванд
Монанди гиреҳбанд.
Бар ман аз наздик бинед,
То маро чун ман шиносед,
То маро чун ман биёбед аз хароботи Хуросон
Ҳамчунон таърихи Кӯшон.
Вой бар ман, вой бар ман, вой бар ман…
Пеш аз ин будам,
Валекин ман кӣ будам?
Ё чӣ будам?
Бо шаҳидон ман шаҳид будам,
Бо асирон дар асорат,
Чунки кардам хешро ғорат.
Ҳаст нақши ман дар он нақше, ки мерезад ғамангез
Аз манору бурҷи Систон.
Ҳаст доғи ман дар он сангон, ки хомӯшанду гирён,
Дар мазори Рӯдакиву Оли Сомон.
Бомиёнро сохтам ман,
Бомиёнро сӯхтам ман.
Кофиён пардохтам ман,
Кофиёнро бохтам ман.
Тахти Доро дар раҳи ман буд, ман кардам харобаш,
Ганҷи Қорун дар кафи ман буд, ман додам ба бодаш,
Коҳи бодовардаву хоки сияҳ кардам ҳисобаш.
Оташафшон низ ман будам, дар оташ низ ман,
Ҷабрфармо низ ман будам, ҷафокаш низ ман.
Номусулмон низ ман будам, мусулмон низ ман,
Балки шайтон низ ман будам
Ва Яздон низ ман.
Дод аз ман, дод аз ман,
Ал-амон, фарёд аз ман.
Бӯалиро аз Бухорои шариф ман карда берун,
Тирмизиро ман фикандам дӯш дар дарёи Ҷайҳун.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё