Зеҳн
ЗАМИНИ МОДАРӢ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 110 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хидматаш дар адабиёт натанҳо он аст, ки худ шеъри ноб гуфту тавассути ҳунари беназири тасвир ва заҳмати ҷонфарсои таҳрир шеъри нобро роиҷ кард, балки он низ ҳаст, ки як насли нави шоирони ҳамгунаи хеш - ҷӯяндаву ёбандаву ноқонеъ аз худро ба арсаи эҷод овард.
Ифтихориву саризабонӣ не, воқеан устод буд Бозор Собир, навроҳони адабиётро собирона, ҳарф-ҳарфу калима-калима асрори сухан меомӯхт, аз ҳар сатри муваффақашон самимона шод мешуду ҳар беҳавсалагиашонро бераҳмона саркӯб менамуд. Шеър буду шудаш буд ва дар мавриди он ҳаргиз гузашт намекард. Сурудаи хуб, аз касе, ки бошад, ба истиқболи гарм ва баракси он ба танқиди беамонаш дучор мешуд.
Хуш он замоне, ки Иттифоқи нависандагон маъбадеро мемонд ва ҳар касе ҷуръат намекард, по бар ин остони баланд бигзорад! Хуш он замоне, ки рӯзе даҳҳо ҷавоншоирон назди ин даргоҳи муқаддас роҳи пири маънавии хеш – Бозор Собири умрбод ҷавондилу ҷавонҳунарро мепоиданд ва бо пайдоиши ӯ аз ғалаёни ҳаяҷон дар худ метапиданд! Чӣ ҷои ҷавонон, ки соҳибному соҳибмақомон низ пеши ҳузуру ҳайбати шоириаш дар худ фурӯ мерафтанд…
Дар дами сели сангини ҳазёнашъор, ки маҷрои адабиётро пур карда буд, шеърполаки бузургу беназиреро мемонд Бозор Собир, вақту қувваташро бедареғ сарфи мутолиаву таҳлили маҷмӯаҳои бешумору бузургҳаҷми шоирони ҷавону пир мекард ва аз ҳазорон шеър гулчинҳои кӯчакеро ба чоп тавсия менамуд. Бисёр ҷузвдонҳоро мехонду намедонист, ки соҳибонаш кистанд ва бисёр воқеъ шуда, ки ашъори писандидаеро, бе он ки шоирашро биёбаду бишносад, бо тавсияву сарсухани самимӣ ба рӯзномаву маҷаллаву нашриёт ҳидоят кардааст.
Умри мушкил, вале пурифтихору пурмаъние ба сар бурд, ки кам шоиронро муяссар шудааст. Зиндагиашро саропо шеър кард ва оқибат худ Шеъре ҷовидона шуд…
Кӣ намехоҳад, ки рӯзе не агар, як соате Ҳамчу шоир зиндагонӣ карда, мирад шоире?
Шоҳкоре не агар, байте бимонад ёдбуд Дар забони миллати худ…
Дар маҳфилҳои шеъраш толорҳо лабрез аз мухлисон мешуданду тӯли ду-се соати шеърхониаш хомӯшии тамом ҳукм меронд! Каме аз шоирону ровиёни замон шеърро мислаш хондаву ба дилҳо расонда метавонистанд: ҳар базмаш ба як сабақи бузурги шеърдониву шеършиносӣ, сипоси халқу диёр, гиромидошти таърих, забон ва суннатҳои миллӣ табдил меёфт, ба афкори ҷомеаву шеъри муосир таконе медод. Чунки шеъраш пайваста ба лафзу маънӣ тоза, ба марому ҳадаф пуровоза ва бисёр миллӣ, яъне чун тинати ин халқ басо содаву самимӣ ва батамом аз муҳити тоҷикӣ бархоставу бо имтиёзҳои рӯзгору афкори тоҷикӣ пероста буд. Бисёр образҳо, тасвирҳо, ташбеҳу талмеҳоти ӯро маҳз тоҷик метавонад, то фишурда гаштани дилу пуроб шудани чашм дарк бикунад, зеро ҳама аз зиндагии ӯст, хоси ҳаёти ӯст, аз дарку эҳсоси ӯст, пайванди шууру тафаккури ӯст.
Шеъри устод шеъри истиқлол ва истиқлолхоҳист, чунки шоираш дар ҳар мавриде сарозоду вораста будааст.
Баъди осори устод Айнӣ маҳз шеъри ӯ ва чанд шоири айнимарому айникалом буд, ки мардуми моро ба худшиносиву худогоҳии бештаре хонд, сафҳаҳои ҳассоси ғаму шодии халқамонро пеши назарҳо муҷассам намуд, ғуруру ифтихори миллӣ ёд дод. Ҳазорон ёду хотираҳо шоҳиданд, ки дар ҳама ҷои Тоҷикистон ва қаламрави бузурги забонамон чӣ гуна гарму самимӣ истиқболаш мекарданд!

пешина
аз 110
навбатӣ