ЗАМИНИ МОДАРӢ

Бо амри тақдир дунёро дид устод, вале фирефтаи ҷилоҳои арзони ин ҷову он ҷо нашуд. Ҳамеша Ватанро суруд, хоку афлок, лаълу санг, гулу гиёҳ, сағиру кабир, расму оин, дирӯзу имрӯзи Тоҷикистонро шеъри дилрасу монданӣ кард. Солҳои дуриаш аз Ватан ҳам пайваста ашъори ба мардум наздик гуфт ва пиру ҷавонро ба миллати рӯ ба озодиву даст ба ободӣ ниҳода, ба садоқату самимияти ватандорӣ қарибтару қаринтар намуд. Шоири Тоҷикистон буд ӯ, шоири тоҷикон буд ва то ин забони шеъру ин макони шоирона боқист, ҳамчунон ҳасту ҳамчунон хоҳад монд.
Бисёр сафар мекард ва ҳар бор Ватанро бо ҳама ғаму шодиаш дар дили хеш мебурду худро бо ёду хотираҳои ширини шахсияту эҷодаш дар Ватану бо ҳамватанон мемонд. Ин бор ҳам чунин аст – бо мост ӯ, чун дарку эҳсоси зебо бо мост, чун андешаву афкори воло бо мост, чун меҳри сӯзони ин кишвари арҷманду ин миллати сарбаланд бо мост. Агар рафтааст, аз пайи шеъри нав рафтааст, барои дарёфти маънии тоза рафтааст, ба суроғи сайқали завқу таҳкими рӯҳу равони мо рафтааст…
Равони роҳи маънӣ бар сафар рафтасту меояд,
Ба чашми дил зи дунёи назар рафтасту меояд.
Ҳамора дилгазон аз куҳнагӯӣ, куҳнароҳиҳо,
Раҳи нав ҷуста, бо роҳи дигар рафтасту меояд.
Чу илҳоми дилоро омаду рафт эй басо, акнун
Ба дӯшаш бори осору асар рафтасту меояд.
Зи Турсунзодаву Айнӣ суханҳо гуфт ҷовидон,
Ба ҷовидони мардони ҳунар рафтасту меояд.
Баҳорон асту сӯи пуштаҳои сабзи Файзобод
Хабаргирии лахтони ҷигар рафтасту меояд.
Ҳама розу ниёзи модари дилхастаи худро
Шунида аз лаби гӯёи ҷар рафтасту меояд.
Зи дунболи бародарҳои хору зори бемораш
Савори аспи армони падар рафтасту меояд.
Даре то боз бинмояд ба сӯи умри ҷовидон,
Ба азми даркушоӣ пушти дар рафтасту меояд.
Зи дунё собирона ганҷу колои сухан андӯхт,
Бигӯ бо худ: «Ба бозори ҳунар рафтасту меояд!»
Ҳазорон ашки мо аз чашми мо рафту наомад боз,
Магар ин ашки пок аз чашми тар рафтасту меояд.
Ба ёдаш ғарқаи гул саҳнаҳои хотироти мо,
Ҳамон сон гулбашеъру гулбасар рафтасту меояд.
Тасалло дода худро, ҳар дилу ҳар чашми тар гӯяд:
Ба кашфи Амрикои шеъри тар рафтасту меояд…
ДУР РАФТАН АЗ ВАТАН ИМКОН НАДОРАД…
Занҷираи ҷумлае, ки ман месозам,
Аз нуқраю тиллои сухан месозам;
Инро на барои хештан месозам,
Овезаи гардани Ватан месозам.
ТОҶИКИСТОН
Тоҷикистон, Тоҷикистон,
Ҳар куҷое рафтам аз оғӯши ту,
Доманамро ман такидам раҳ ба раҳ дар ҳар қадам,
Пойи худро раҳ ба раҳ то сарҳадат
Бар замин афшонда рафтам,
Аз пайам то кам нагардад заррае хоки камат.
Ҳар куҷое об дидам,
Қатрае хӯрдам агар,
Ман гирифтам қатрае дар чашм,
То кунам оби туро як қатра бисёр.
По ба ҳар хоке ниҳодам
Дар қатори раҳгузарҳо,
Гарди хокеро гирифтам дар сари мижгон
Аз бароят ҳамчу савғо,
То кунам хоки туро як зарра бисёр.
Ҳар куҷое санг дидам,
Даст бурдам бар сараш
Чун бар сари фарзанди хеш,
Гуфтам: ӯро аз Бадахшон кандаанд,
Тифли ширхори маро аз банди пистон кандаанд…
Ҳар куҷо будам мусофир,
Роҳҳоро чун ғазалҳо
Хат ба хат кардам ман азёд,
Роҳҳоро чун ғазалҳо
Беғалат кардам ман азёд,
То ки рӯзи бозгаштан
Беғалат оям ба сӯят.
Ҳар куҷо будам, набудам,
Ман ҳамон фарзанди деҳқони туям,
Бо хаёли рези куҳсори ту ман ғам мехурам,
Аз барои сабзаю хори ту ман ғам мехурам,
Аз гулӯям нагзарад нони ту бе ғамҳои ту,
Бе ғами ту ман нахурдам об аз дарёи ту.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё