ЗАМИНИ МОДАРӢ

Шеъри ӯ - шуълаи оташ,
Оташаш - шуълаи шеър,
Сурхии рӯи Аҷам ин ҳама аз сурхии ӯст,
Гармии рӯи Аҷам ин ҳама аз гармии ӯст;
Шоиронро масупоред набӯсида ба хок!
Ҷилди «Шаҳнома» ба «Қуръон»-и араб
Бинигар,
Соли ҳазор аст, ки дар пайкор аст.
Арсаи ҷангу муборизаи ӯ
Арсаи ҷанги бузурги ватанист;
Шоиронро масупоред набӯсида ба хок!
Кас ба Шероз намерафт, агар Саъдӣ набуд,
Кас намерафт ба Шероз, набуд Ҳофиз агар,
Балки Шероз набуд дар назари аҳли назар;
Шоиронро масупоред набӯсида ба хок!
Балх бо Мавлавии Балхӣ агар Рум гирифт,
Кард Юмгондараро Носири Хусрав Юнон;
Шоиронро масупоред набӯсида ба хок!
На ба Нақши Рустам,
На ба Тахти Ҷамшед
Ва на бо Машҳади Тӯс,
Ба ду сарводаи Хайём шиносанд Эрон;
Шоиронро масупоред набӯсида ба хок!
Номбардори Хуҷанд аст Камол,
Хоҷа Камол,
Гарчи аз гӯрғарибон будаст,
Гарчи дар гӯшаи Табриз бувад мадфани ӯ,
На дар мавтани ӯ;
Шоиронро масупоред набӯсида ба хок!
Хоки Лоҳур агар хоки дару даргоҳ аст,
Хоки роҳ аст агар,
Дилхоҳ аст,
Ҳамчу гуфтангаҳи Иқбол зиёратгоҳ аст;
Шоиронро масупоред набӯсида ба хок!
Худамро мебарам бар дӯши худ боз
Агар устози шоир шире буд,
Ки ӯро гашт дар устозӣ раҳбар,
Ман он шоир, ки устозе надорам,
Равон шуд шеъри ман аз шири модар.
Маро гӯянд агар шахси қаламкор,
Ба ёдам мерасад неши қаламхор,
Чу аз пушти шикор аз пушти ман рехт
Нахустин мисраам аз пои хуншор.
Нахустин байти ман дар дафтаре нест,
Нахустин байти ман дар подараҳҳост,
Ки ӯро пои урёнам навишта,
Ба рӯи хок иншои кафи пост.
Заминҳои баланди лалмикорӣ
Барои ман алифбои ҳунар шуд,
Сари машқи хати ман дар заминҳо,
Хати хонои шудгори падар шуд…
Маро ин осмон шоир накардаст,
Гирифтам аз алафҳо бӯи ашъор.
Чу барге сабз шуд,ман ҳам шудам сабз,
Чу барге сӯхт, ман ҳам сӯхтам зор.
Маро аз пои кӯҳистон бипурсед,
Ки поям сангкӯбашро кашида,
Сару рӯям харошидаст гулхор,
Ба дӯшам ҷомаҳоямро дарида…
Барои ман, ки деҳқонам ба фитрат,
Каҳе ҳам мекунад бӯи бародар,
Ба дунё омадам дар қаҳтсолӣ,
Ба рези пуштаҳо будам баробар.
Замин кандам, валекин зар наҷустам,
Биҷустам решаву тухми давоӣ.
Чу дидам гул ҷавон рафту хасе монд,
Гузаштам аз худову бехудоӣ.
Шунидам аз сари сахтам, ки дар хок
Касеро ғайри сар сармояе нест,
Фалак парвои пайғамбар надорад,
Сарои осмонро пояе нест…
Қалам болои коғаз мекашам ман,
Ту гӯӣ, меравам раҳ лаб-лаби ҷар,
Ба худ гӯям, агар поят билағжад,
Худоро мон, бигир аз бутта беҳтар.
Маро аз хештан борест бар дӯш,
Набошам то ба мардум бори носоз,
Худам бори худам будам зи тифлӣ,
Худамро мебарам бар дӯши худ боз…
Қалам болои дафтар мекашам ман,
Шамиму маззаи пӯдина дар ёд.
Ба ғайр аз ғози мизони Ватан нест,
Хати ман дар ҳавои шеъри озод.
Ниҳодам ман пари коҳи Ватанро
Ба рӯи чашм, агар чашмам парида,
Ғами ӯро чу ғамҳои ятимӣ,
Ба нонаш хӯрда, бо обаш чашида.
Барои хоки ӯ дар ҷанги Гирмон
Ман андар батни модар тир хӯрдам,
Маро бо тири Гирмон зод модар,
Намемирад Ватан, чун ман намурдам.
БАРОИ ХУДАМ
Соқии базми сағирон будаам чанде,
Низ дар базми вазирон будаам чанде;
Бод ҳам паймудаам чанде,
Бода ҳам паймудаам чанде,
То гулӯ ғарқидаам дар оби соғарҳо,
То гулӯ ғарқидаам дар истаконҳо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё