ЗАМИНИ МОДАРӢ

Ба сӯи оина хам гаштаму ба ӯ гуфтам:
Аз ин даричаи обӣ сароб мебинӣ,
Баҳори рӯи ту ку?
Лолазори рӯи ту ку?
Баҳори рӯи худатро надидаӣ серӣ.
Дамид гирди даҳонаш яке ба маззаи заҳр
Гиёҳи печаки зарди табассуми афсӯс,
Миёни хандааш аз дида об сар дода,
Дар оби чашмаи оина ғарқ шуд маҳбус.
ХОНАИ МӮР
Рӯйи ба рӯ диламро
Пур кардам аз табу тоб,
Чун ҷомадони кампир
Аз ҷандаи кафанбоб.
Беҳуда ман давидам
Дар оби ҷӯ задам банд,
Гулмоҳиро дигарҳо
Аз оби рӯ гирифтанд.
Фанне, ки зиндагонист
Сад фан бувад дар ин фан,
Яъне, ки хол-хол аст
Монанди сояравшан.
Бо мех агар кушоданд
Он қулфи манзиламро,
Ҳаргиз намекушоянд
Қулфи дари диламро.
Ман тугмаи садоям
Дар пушти ин дари танг,
Ҳар қадр мефишоранд,
Он қадр мезанам занг.
Аз содагии ман нест
Шеъре, ки сода гуфтам,
Охир, худам худамро
Ман ёд дода гуфтам.
Ҳар сатри дафтари ман
Чун мӯр меравад роҳ,
Гаҳ дона мекашонад,
Гаҳ тӯда мекунад коҳ.
Ҳар кӯр метавонад
Номи маро кунад кӯр,
Дар рӯи раҳ фитодаст
Имрӯз хонаи мӯр…
Рӯйи ба рӯ диламро
Пур кардам аз табу тоб,
Чун ҷомадони кампир
Аз ҷандаи кафанбоб.
Бо панҷаи фушурда
Ман омадам ба дунё,
Бо панҷаи фушурда
Ман меравам намурда.
САБУК
Кӯҳи вазнин сояҳо дорад сабук,
Шахси ман ҳамсояҳо дорад сабук.
З-осиёби умр шуд мӯям сафед,
Чунки гарде дар ҳаво дорад сабук.
Обҳоро дида аз болои пул
Ногаҳон шуд дидаам аз об пур,
Ман шиновар нестам, лек акси ман
Хушк дар дарё шино дорад сабук.
Мӯсафедонро ба ҳар ҷо дастрас
Доиман гар сутаи чӯб асту бас,
Мӯсафеди умри ман дар панҷааш
З-устухони ман асо дорад сабук.
Ман агар коҳӣ кунам дар зиндагӣ,
Коҳсимоӣ кунам дар зиндагӣ,
Зиндагонӣ каҳрабоӣ мекунад,
Коҳи симои маро дорад сабук.
Дар тани даҳсолагӣ рафтам фурӯ,
Кӯдакию деҳа омад рӯ ба рӯ,
Кӯдакӣ аз ғозҳои хасраве
Риштаҳо дар банди по дорад сабук.
Даври хирманҳо гузашту ҳойҳо,
Монд бо мо ёди хиранҷойҳо.
Сӯи хирманҷойҳо беихтиёр
Мӯри чашмам рафтуо дорад сабук.
Ҳамчу кампири Назокат як қадам
Дил накӯчид аз деҳи кӯчидаам.
Дасти ларзони сафедораш маро
Аз лаби ҷарҳо дуо дорад сабук.
Ман намемирам чу ишкамхор хор,
Мекашам ман гардани худро ба дор
Дар хасе чун тортанҳои диёр,
То хасеям дар ҳаво дорад сабук.
САҲНА
Саҳнае ҳаст рӯзу шаб гардон,
Саҳнае - хандахезу ашковар.
Ҳар ки дар нақши хеш устод аст,
Ба ҳунарпешаҳои ӯ бинигар.
Гар яке ғайри рӯи аслии худ
Боз ҳам гуна-гуна рӯ дорад,
Дигаре бо тамоми берӯӣ,
Обшоре аз обрӯ дорад.
Кам намеояд аз думи товус
Гар яке бо ҳазор рангу қарор,
Дигаре тирарӯю бетоб аст,
Ҳамчу хоби сиёҳи ваҳшатбор.
Дигареро ҷабину рухсораш
Мисли шабҳои ширмаҳтобанд,
Лек дар кунҷи ғори синаи ӯ
Лошахору дарандаҳо хобанд.
Бар гиребону дасту домани мо
Дасти ӯ гар намерасад зинҳор,
Дар дили танги хештан моро
Мекушад ҳар дақиқае сад бор.
Боз дар ин миёна як нафар аст,
Мефурӯшад ҳиҷою нуктаи паст,
Афту андоми ӯ ҳама ба назар
Гӯиё як даҳони пурҳарф аст.
Ба даҳонаш туро набинад агар,
Ба даҳонаш агар туро нашунид,
Бо ду гӯшаш туро намешунавад,
Бо ду чашмаш наметавонад дид.
Байни ин издиҳоми бесомон,
Ман ду-се солхӯрда мебинам,
Тирадил, тирарӯй, тирамиҷоз,
Ки аз онҳо зиёда ғамгинам.
Дар таги тӯри чинҳои ҷабин,
Дар миёни калобаи ожанг
Чашмашон анкабӯдро монад,
Анкабӯде, ки метанад найранг.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё