Зеҳн
ЗАМИНИ МОДАРӢ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 110 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дина шаб дар кӯчаҳо беҳуда гаштам
Ҳамчу сайёдони пайгумкарда гаштам…
Дина шаб олам тамоман об буд,
Осмон шодоб,
Замин шодоб буд,
Лек ман номи ту дар лаб
Худ ба худ чун хушксорон
Сӯхтам дар зери борон.
ДАР ЗЕРИ ШАРШАРА
Ларзида меафтод мавҷ
Бар мавҷ аз болои ӯ,
Сад парча мепартофт мавҷ
Аз фарқи сар то пои ӯ.
Мӯи дарозаш тор-тор
Дар печу тоб афтода буд.
Мӯро ба мӯ метофт об,
Мӯро ба мӯ мебофт об,
Дар дасти об афтода буд.
Мебурд чашмони маро
Мӯи тару рӯи тараш,
Оинаро мешуст мавҷ
Лағжида аз пеши бараш.
Аз кокули заррини ӯ
Шорида зар мегашт об.
Полида аз зулфони ӯ,
Полида аз мижгони ӯ,
Покизатар мегашт об.
Дар сангҳо биншаста буд
Аз пайкараш бӯи баҳор.
Ҷӯи ба ҷӯ,
Кӯи ба кӯ
Мерафт бӯи мушки ёр.
Ҷӯи ба ҷӯ, кӯи ба кӯ
Ҳар қатрае ҳамроҳи худ
Мебурд бар дарёю рӯд.
Аз чашми ӯ ранги кабуд.
АЗ МӮЙИ ТО ЗОНӮИ ТУ ЯК МӮ НАБАХШАМ
БАР КАСЕ
Борони сим-сим мезанад дар боғҳо, дар боғҳо,
Чун арғувон гул кардаам сар то қадам аз доғҳо;
Сад нахли гирён асту ман, ашки дарахтон асту ман,
Кафку ҳубобе дар дилам чун оби борон асту ман.
Рӯйи туро ҷамъ оварам аз ёдҳо, аз ёдҳо,
То рӯйи ту ояд ба ёд, ояд ба ёд, ояд ба ёд.
Бӯйи туро ҷамъ оварам аз бодҳо, аз бодҳо,
То бӯйи ту ояд ба ёд, ояд ба ёд, ояд ба ёд.
Ку чашми дарёранги ту, чашмам нашуд аз об сер.
Он субҳи рухсори ту ку, бахтам нашуд аз хоб сер.
Чашми ту гардонад маро дар обҳо, дар обҳо,
Рӯйи ту гардонад маро дар хобҳо, дар хобҳо.
Охир туро ҷамъ оварам аз чор сӯ, аз чор сӯ,
Дар ҷои ҷонам ҷо кунам мӯйи ба мӯ, мӯйи ба мӯ,
Аз мӯйи то зонӯи ту як мӯ набахшам бар касе,
Аз хоки поят заррае дорӯ набахшам бар касе.
ДИЛХУНУК
То шуд дилаш аз ман хунук, ях баст сар то пои ман,
Тӯмори гармиам надод аз мӯи ӯ мавлои ман,
Саҳрои ишқам дар ҷаҳон шуд ҷои вовайлои ман,
Бо ман бинолу гиря кун, саҳрои ман, саҳрои ман.
Сад дарди дил паймуда шуд, аз ман нашуд, аз ман нашуд, нашуд,
Чашмони дил пӯшида шуд, аз ман нашуд, аз ман
Дарёи дил нӯшида шуд, аз ман нашуд, аз ман нашуд,
Бо ман бинолу гиря кун, дарёи ман, дарёи ман.
Дар шабчарои бӯсаҳо аз чашму лаб, аз дасту по
Ман будаму маҳтоб буд, ӯ дар замин, ман дар ҳаво;
Акнун манам дар зери по, ӯ дар ҳаво, ӯ дар само,
Бо ман бинолу гиря кун, шабҳои ман, шабҳои ман.
Дирӯзи ман як рӯз не, гӯё ки як садсола буд,
Аз ишқи бефардои ман дирӯзи ман дар нола буд.
Дирӯзу имрӯзам гузашт, аз рӯзи фардоям чи суд,
Бо ман бинолу гиря кун, фардои ман, фардои ман.
БӮСА БА ДУНЁ ЗАДАМ
Зулфата боло задам,
Сила ба шабҳо задам,
Ҳарду лабат гул намуд,
Бӯса ба гулҳо задам,
Бӯса ба гулҳо задам.
Навбати чашмат расид,
Дар лаби ман нам расид,
Чашми ту дарё намуд,
Бӯса ба дарё задам,
Бӯса ба дарё задам.
Навбати мӯят расид,
Моҳ ба кӯят расид,
Мӯи ту тилло намуд,
Бӯса ба тилло задам,
Бӯса ба тилло задам.
Бозуву боло намонд,
Дар бари рӯ ҷо намонд,
Дар қадамат хам шудам,
Бӯса ба дунё задам,
Бӯса ба дунё задам.
САФЕДОР
Дар сафи мушкилгузар як ҷангали андом,
Байни як майдон санавбарҳои қомат,
Дар миёни як хиёбон тираки по,
Ӯ дарахте аз дарахтони сафедор аст,
Ман ба ҳар сӯйе, ки мебандам нигоҳамро,
Чун сафедоре намудор аст.
Пойҳояш то миён – пойи сафедорӣ,
Қоматаш – қоматбаландии сафедорӣ,
Гарданаш – гардансафедии сафедорӣ,
Беқарории вуҷудаш – беқарории сафедорӣ,
Ростияш – ростиҳои сафедорӣ.

пешина
аз 110
навбатӣ