Зеҳн
ЗАМИНИ МОДАРӢ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 110 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шоиру шеъре агар ҳаст, ишқ ҳаст, -
Раҳму армон ҳаст,
Яъне, дар сари гаҳвораи тифлон ҳанӯз
Модарон шабзиндадорӣ мекунанд
Алла дар лаб, шир дар пистон ҳанӯз.
Муҳтарам халқе, ки ӯ Нерону Искандар надод,
Лек Колдерону Байрон дод ӯ.
Муҳтарам халқе, ки шоирпарвар аст,
Шоҳу пайғамбар надорад, лек дорад шоире;
Шоире, к-аз синааш ҳар нуктаро
Меканад чун маъдане аз кон,
Балки ҳамчун порае аз ҷон,
Ҳамчу маҳбусе, ки дар талвосаи ҷонканданаш
Меканад девори маҳбасро ба дандон…
Халқ рӯзи тӯйу вақти мотамаш
Дафтару девони ӯро мекушояд ҳамчу дастархони хеш,
Шеъри ӯро ташнаҳо чун об менӯшанду чун нони ҳалол
Гушнаҳо бо ҳам баробар бахшу қисмат мекунанд.
Шоиреро офаридан кори як садсолаест,
Сахт коре, бори як сайёраест,
Ҳамчу сарват шоире гум кардан осон асту лек
Ҳамчу шуҳрат шоире дарёфтан бас мушки ласт.
Қитъае холист бе Фирдавсии тӯсӣ ҳанӯз,
Қитъае бечораи як шоири соҳибдил аст.
Гарчи шоирҳо ба олам дер пайдо мешаванд,
Гарчи нанги шоирӣ бар марг илқо мекунад,
Гарчи умри шоирон бисёр нест,
Кӣ чу ман дар орзӯи номи Ҳофизвор нест?!
Кӣ намехоҳад, ки рӯзе не агар, як соате
Ҳамчу шоир зиндагонӣ карда мирад шоире,
Шоҳкоре не агар, байте бимонад ёдбуд
Дар забони миллати худ…
Розиам, бадбахт бошам, лек бошам шоире,
Розиам, сарсахт бошам, лек бошам шоире.
Розиам, чун Саъди Салмон
Бо гуноҳи шоирӣ дар чоҳу зиндонам кунанд,
Чун Ҳилолӣ шеър дар лаб сангборонам кунанд.
Шоирӣ дар буду дар бунёди ман
Кош бедармон шавад, дард аст агар,
Дарди ширин, дарди модарзоди ман.
Гар хато бошад, гаравгонаш сарам,
Дар баҳои сар намедонам хатои дигарам.
Розиам ман, дар хатои шеър ранҷурам кунанд,
Балки ҳамчун Рӯдакӣ кӯрам кунанд.
Розиам, мирам, маро дар хок нагзоранду лек
Шеър дар дастам бимирам,
Шеър дар ҳалқам бимирам,
Шоири халқам бимирам.
БУХОРО
Нигоҳи гарми ман аз фарқи кӯҳистон
Ба сӯят чун Зарафшон рӯзу шаб ҷорист,
Бухоро, бо ғаму афсӯс мебинам,
Ки ҷои бас азизонат
Дар оғӯши ту ҳамчун ҷои Сино ҷовидон холист.
Ту гӯё пеш аз ин дар рӯзгороне
Яке вулқон будӣ, ё дар сари вулқони сӯзоне,
Ки охир дар саъири оташафшонӣ
Азизонат чу ахтарҳо,
Шуданд аз ҳам ҷудо, барчош дар олам
Ба ҳар сӯе,
Ба ҳар кӯе…
Яке бо теғу бо пайкон
Пайи Искандари мақдуниро бигрифту Юнон рафт.
Яке аз дасти Темурлангу Чингизхон,
Зулоли оби ту дар чашмҳою хоки ту дар мушт,
Сари худро гирифту Руму Эрон рафт.
Яке гар дар ғарибӣ бе нишон гум шуд
Ба мисли қатрае дар коми регистон,
Дигар бо давлати бе давлати тоҷик
Баробар дар миёни турку тозӣ бахшу қисмат шуд.
Танаш сӯе, сараш сӯе,
Танаш чун қитъае яксар,
Сараш ҳамчун сари кишвар.
Дар ақсои ҷаҳон тухми бузургонат
Ба монанди зару симат парешон шуд,
Ба монанди зару симат ба беқадрӣ
Агар роҳе чу роҳи Каҳкашонат буд,
Ба мисли риштае печида гӯё рафт дар пои ҷаҳонгардон.
Агар шустанд аз байни ту боронҳо
Раҳеро чун раҳи мӯрон,
Раҳеро бодҳо руфтанд аз байни тую дунё.
Ғарибиро чу фарзандони ту мардум намедонад,
Намедонад касе ҳамчун бухороӣ
Чӣ сон талханду ширинанд ғамҳои ватандорӣ…
Ҷаҳонгардону сарбозони ту дар ҷумла гӯристони олам бенишон хобанд.
Аз эшон дар таги хоки ту ғамҳои гарон хобанд.

пешина
аз 110
навбатӣ