Зеҳн
ЗАМИНИ МОДАРӢ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 110 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба дасте рафт аз дастат
Зари сомонию «Қонун»-и синоӣ.
Туро ҳар дузд ғорат кард,
Туро ҳар дӯст қисмат кард,
Ба мардум рангу рӯи зард монд аз «асри тиллоӣ».
Чи нозирҳои солори туро дарду ситам кушта,
Чи шоирҳои мумтози туро оҳу алам кушта.
Заминҳоят ҳама аз хоки минбарҳои вайронанд,
Шаҳидонат ҳама девону дафтарҳои дар олам парешонанд.
Бухорои шариф,-
Гаҳвораи мардони нотакрор,
Диёри шоирону шеърҳои рафта бо ҳар боду аз ҳар ёд,
Мазори нангу номи Аҳмади Дониш,
Мазори дардҳои Шоҳини бемор,
Оре, ҷовидон бемор,
Ба ёдат чашми ман тар мешавад ҳар бор.
Вале ҳар бор мебинам,
Ки ҳар вайронаатро рӯзи ободист,
Ту дар болои сад вайрона ободӣ,
Ту дар болои садҳо кундаю завлона озодӣ.
Агар дар зери деворе
Зи турке наъли аспе мондаю аз тозие ҳамён,
Кунун дар чанги таъриханд,
Агарчи нанги таъриханд.
Бухорои адабпарвар,
Нигоҳи гарми ман аз фарқи кӯҳистон
Ба сӯят чун Зарафшон рӯзу шаб ҷорист,
Ҳамехоҳам чу пайвандат,
Ду чашмам мисли рӯде тар кунад рӯи заминатро,
Нагардад то парешон пас аз ин хоки барӯмандат.
ДЕВОРИ БУХОРО
Пуштгардон бар Бухорои хасис,
Дар Бухорои шариф истодааст,
Ним-ним аз рӯзгорони қадим,
Ҳар дилеро мекунад ним…
Аз кулӯхаш сад ҳазорон мушт,
Душмани дерина дар пушт.
Ҳар тараф анбӯҳи найзораш
Чун қатори найзадораш;
Ҳар тараф сарнайзаи тез –
Теғи хунрез;
Душмани дерина дар пеш аст,
Дашна месояд ба дандон,
Чашмҳо чун чашми сӯзан.
Синаи чокест ҳар чокаш,
Ҳар тараф як захми носур.
Рахнаҳои сина мебинам дар ин девор,
Ҳамчу дар оина мебинам дар ин девор;
Канда аз ҳам муҳраи банди миён аст,
Муҳраи банди миёни давлати Сомониён аст.
Бору банди як ҳазору як саду ансола аст бар дӯши ин девор, хуншор;
Назди ин девори абгор
Мешавӣ як нақши девор.
Бору банди як ҳазору як саду ансолаи як миллати
Турктозиаш харошидасту пошидаст,
Тешаи бодаш тарошидаст,
Аммо аз кулӯхҳояш ҳазорон мушт
Миллатеро монда дар пушт.
Мезанам ман бӯса бар мушти кулухҳояш,
Марҳами сад бӯса мебандам
Дар ҷароҳатҳои носури тарақҳояш,
Бӯсабандӣ мекунам захму харошу рахнаҳояшро.
Мегузорам ман сарамро бар сари зонӯи девори Бухоро,
Чун бар сари зонӯи халқ.
ДАРВОЗАИ БУХОРО
Як замон шаҳри Бухоро дошт девори баланд,
Гуфтӣ, устунмуҳраи пушти Бухоро буд,
Балки устунмуҳраи миллат, -
Сахт маҳкам,
Тахтапушташ даҳ қадам паҳн.
Ёздаҳ дарвоза дошт
Кандакорӣ,
Қуббакорӣ,
Зарнигорӣ.
Шоҳашонро ҳазрати Исмоили Сомонӣ мегуфтанд,
Шоҳи одил буд, «Девори Бухоро» буд унвонаш,
Балки ӯ девори миллат буд,
Девори Хуросон буд:
Бар даромадгоҳи қасраш зангу занҷири адолат буд овезон,
Ҳар ки меҷунбонд занҷири адолатро,
Шоҳи одил мепазируфташ ҳамон соат…
Дар ҳавои барфи шабҳои зимистон
Рост меистод дар майдони Регистон,
То ба мардум дастрас бошад,
Меҳрубон бошад ба мардум дар шаби сармо:
Ғарибонро,
Ятимонро,
Мусофирҳои барзанро мадад созад.
Баъди ин Исмоили Сомонӣ мардум
То чиҳил сол
Ҳар шикоятномаи худро
Дар таги санги мазораш мениҳоданд
В-аз ҳамон ҷо,
Аз таги санги мазораш ҳар пагоҳӣ
Бо ҳамон муҳру чаки ӯ низ посух мегирифтанд…
Баъди ин Исмоили Сомонӣ девори Бухоро рехт,
Тахтапушташ то замин хам зад,
Ҳамчун тахтаи пушти ғуломон,
Дар Бухоро рахнаҳо афтод,
Рехтанд аз ҳар тараф чун сел
Селаи қарлиқи кӯчӣ.

пешина
аз 110
навбатӣ