ЗАМИНИ МОДАРӢ

Агар устози ғамхору мураббии дилсӯзе медоштам, дар як умр не, дар панҷ-даҳ сол шоир мешудам. Бо мададу раҳнамоии устоз, хара-хара китобҳои музахраф нахонда, китобҳои хуб мехондам ва ин ҳама сол заҳмати барҳадар накашида, сеҳру афсуну назокати шеърро зуд аз бар карда, зуд мерасидам.
Чунончи, як шоир калимаи «парвона»-ро се хел шикаста, се қофияи олиҷаноб сохтааст (ба қофияҳо таваҷҷӯҳ намоед: парвона; парво на; пар во на):
Дили ман ҳолати парвона дорад, Зи оташ сӯхтан парво надорад, Дили Фоиз чу мурғи паршикаста, Ба ҳар ҷо уфтад, пар во надорад.
Шоирони дигар тасвирҳое офаридаанд, ки аз ҳайрат даҳанат воз мемонад:
Ба ангушти асо пирӣ ишорат мекунад ҳар дам, Ки марг ин ҷост ё он ҷост, ё он ҷост ё ин ҷост.
(Яъне, ба сари асо зада-зада қадам мондани мӯсафед).
Бирав, ба хоб бигӯ, ки маё ба дидаи ман, Ҷазирае, ки макони ту буд, об гирифт.
(Яъне, аз гиря дар ашк гум шудани нигини чашм).
Ба тасвири дурахшидану шикастан ва ҳамчу Рахши Рустами достон шеҳа кашидани тундару чароғак ва сипас дамидани шафақҳои пагоҳӣ диққат намоед:
Рахшиду шикаст озарахше дар хун, Мастона кашид шеҳа Рахше дар хун; Чун субҳ баромад аз дили хокистар, Диданд, шигифтаст дирафше дар хун.
Дардою дареғо, ки ҳамин чизҳоро дар вақташ касе ба ман нанамуд, касе ба ман завқу илҳом надод. Дардову дареғо, ки аз беустозӣ таъхир кардам. Бист-сӣ сол гулҳо шукуфтанду пар-пар шуданд, боғҳо пухтанду рехтанд, ғаллаҳо расиданду дарав шуданд, вале ман ҳамчу хӯшаи такмондаи нимхоми ангурҳо, ки ба киноя боғбонакаш мегӯянд, напухта мондам. Боғбонак овезон бар шохаву ман муаллақ миёни замину осмони адабиёт.
Ин ҳам гуфтанист, ки мо, навқаламони солҳои шаст, қариб ҳамаамон камбағалбачаҳо будем аз қишлоқҳо, аз детдомҳо, интернатҳо ва ҷоямон чойхонаю нонамон қанди печаку чойу сигарети «Помир» ва «Прима». Либосамон ҳамчун ранги дарахти арча чаҳор фасли сол иваз намешуд.
Дар ин бора ман дар соядасте ба Абдулло Дӯст навишта будам:
Туро зиндагонӣ сияҳнома кард, Баҳору зимистон ба як ҷома кард.
Ва ҳамаамон иҷорашину пиёдагардони кӯчаю паскӯчаҳои Душанбе будем, сангфаршу бетони растаҳоро пойҳои мо суфтаву хӯрда мекарданд. Тагчармии ботинкаҳои Мазҳабшо Муҳаббатшоев, ки афтода буду ҷӯроб ҳам надошт, дар лойобаҳои боронҳо панҷ панҷааш аз таги ботинка дар замин нақш мебаст ва мо дар ҳар куҷо пайи пояшро мешинохтем. Аз он вақт, ки аз кӯчаҳои шеъру шоирӣ мегузаштем, ҳамон нақши панҷаҳои Мазҳабшо ҳеҷ аз ёд намеравад. Вале бо вуҷуди он ҳама бенавоӣ, беҳтарин рӯзҳо буданд он кӯчагардиҳои мо, ёдашон ба хайр бод.
Ҳанӯз касе сактаи дилу сактаи мағзи сар нашуда, асову чигас нагирифта ва ҳатто дар чашми касе айнак ҳам набуд.
Ҳанӯз ҷигари Мастон Шералӣ сиҳат буд ва сараш ҳам сафед нашуда. Ба ҳар ҳазлу шӯхии обдоре аз таҳти дилу ҷону ҷигар механдиду механдид. Ҳанӯз Сарвару Аслам майзада нашудаю дар оби ҳароми истаконҳо нағарқида буданд. Ва Ҳабибулло Файзулло саросемаю ҳадаҳа дар соате тамоми идораи нашриёту газетаҳоро мегашт ё як дасташ дар гардани шишаю як дасташ дар гиребони Саттор Турсун, лабу даҳанаш кафкида хархаша мекард. Ва ӯ ҳамчун сафедаи субҳ, ки аз торикӣ баромада дар хуни шафақҳои саҳарӣ гум мешавад, дар айни ҳамон ҷавонӣ дар тасодуме нобуд шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё