ЗАМИНИ МОДАРӢ

Пабло НЕРУДА
(Чили)
БЕХОБӢ
Ман аз худ ҳар шабе сад бор мепурсам,
Ки фардо кишвари маҳбуби ман бе ман чӣ хоҳад кард?
Агар бадбахт гардад кишварам,
Ман низ бадбахтам.
Ман ӯро ҳар шабе дар хоб мебинам,
Ба мисли киштие дар об мебинам,
Ки пурбор аст,
Савори зиндааш бисёр,
Савори мурдааш ҳам низ бисёр аст.
Ман ӯро дӯст медорам,
Чи сангашро, чи гардашро,
Чи гулҳои баҳорашро,
Чи хорашро.
Ман ӯро хуб медонам,
Саросар мешуморам ҳар шабе
Дар хоби худ пиру ҷавонашро,
Якояк рӯи китфам мебарорам кӯдаконашро.
Якояк метавонам гуфт,
Кадомин моҳу соли Чилии ман талху ғамгин буд,
Кадомин лаҳзааш бисёр ширин буд.
Агарчи мо ҳамоғӯшем,
Ватан ҳарчанд дар оғӯши ман хоб аст,
Намедонам,
Ки ӯ фардо дар ин оғӯши ман чун мешавад бедор.
Валекин мекунам эҳсос дастеро, ки меёзад шабонгоҳон,
Ватанро то шабе дар хоби ширинаш кунад хуншор.
КИТОБ
Китобро бо қалам бинвиштан осон аст,
Китобро бо қадам бинвис!
Баро аз хонаат, оламшиносӣ кун,
Баро аз хештан, одамшиносӣ кун!
Китобро одаму оламшиносӣ мекунад тавлид...
Агар дар он набошад дарду озоре,
Агар аз он нахезад бӯи дилдоре,
Китоби шеъри мо чун ҷисми беҷон аст,
Дар он ҳар сафҳа барги зарди резон аст.
Ман охир бо ҳамин андеша мемирам,
Нахуфтам як шабе ҳам бе ғаму ором.
Шабе то сабз кардам қитъаишеъре,
Диламро об кардам,
Дидаро пурнам.
Суханро об додам ман,
Чи обе?
Қатраи ашке,
Қатраи хуне.
Бубин, ман бо чӣ меҳнатҳо шудам шоир!
ГУРЕЗ
Зери кобӯси гарми хобу хаёл
Хоб дидам, ки медавам шабу рӯз,
Аз қазо аспи бодпо шудаам,
Аз ҳама бандҳо раҳо шудаам,
Мисли абри ҳаво, ба мисли шамол.
Мезанад ранг вақти субҳи баҳор
Водии Кардалер сабзу кабуд....
Медавам ман ба ҳар тараф дар хоб
Чорнаъл аз миёни сабзаю об,
Ҳамчу аспи мурод беафсор.
Аспи бебанду белаҷом будан,
Ҳамчу абре гузаштан аз сари рӯд,
Сум задан дар миёни дашту даман
Баҳри одам умеди хушбахтист,
Асп будан хаёли ширин аст.
Бин, ки ман реза-реза мекӯбам
Пой дар сангу реги саҳрое...
Сӯ ба сӯ медавам, арақшорам,
Бе ватан, бе диёр дар ҳомун
Пушти сар мекнам уфуқҳоро,
Ҳамчу солу маҳу замону қурун...
Гӯиё ман гурехтам аз хеш,
Бодпое шудам, паридам ман,
Баргу бори тамоми дунёро
Бӯ кашидам ману чаридам ман.
Балки ман аз сароби хобу хаёл
Об нӯшидаму шудам бедор...
Сад дареғо, гузашт ин шаби хуш,
Ҷастам аз хоб бо парешонӣ,
Ин чи бедориву пушаймонист,
Ман шудам боз, гӯӣ, зиндонӣ.
Боз ман дар миёни мардуми шаҳр,
Дар шумори пиёдагардонам,
Мекунад кафши куҳнаам ҳатто
Бо чунин ҳоли хеш ҳайронам.
Ман барафтодаам чу аспи бидав
Дар раҳи шаҳри Ренико аз по,
Бар сарам тир мезанад борон,
Меравад аз канорам абри ҳаво.
Хосе РИСАЛ
(Филиппин)
ОХИРИН ПАДРУД
Алвидоъ, эй хитаи ман, кишвари хуршеди олам,
Ҷаннати помоли мардум, гавҳари дарёи ховар!
Ҷонсупорӣ гарчи осон нест бар фарзанди одам,
Баски аз бахши ту мемирам, надорам ҳасрату ғам,
Метавонистам, бимирам баҳри ту сад бори дигар!
Хештанро мекунанд имрӯз дар ҳифзи ту қурбон
Беҳтарин фарзандҳоят, амру фармони ту дар гӯш.
Дар куҷо хуфтан надорад фарқ аз баҳри шаҳидон,
Дар таги сарви чаман ё дар таги пои саворон;
Ҳар куҷо хуб аст, агар пур бошад аз хоки ту оғӯш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё