Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт

ГУЛБОҒИ АДАБ
МИРЗО ТУРСУНЗОДА
ГУЛЧИНИ АШЪОР
Дар ин маҷмўа достонҳои машҳури Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода «Писари Ватан», «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон», «Модарнома», «Ошёни баланд» гирд оварда шудаанд.
Хонанда аз мутолиаи ин китоб дарси хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, Ватану ватандорӣ, озодию озодагӣ, сулҳу сафо, зебоию сарбаландӣ меомўзад. Бо тавсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хониши беруназсинфии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишварамон нашр мегардад.
«Муҳаббати поки устод Мирзо Турсунзода ба сарзамини аҷдодӣ, обу хоки Ватан, бешубҳа, барои наслҳои зиёди миллат ҳамчун намунаи олии ибрат хизмат хоҳад кард.
Шеъри Мирзо Турсунзода шеъри миллат ва шеъре барои инсоният аст. Тамоми зиндагии ў тимсоли хизмати содиқонаи як фарди зиёӣ ба нафъи халқу Ватани хеш мебошад.
Устод Мирзо Турсунзода воқеан Қаҳрамони Тоҷикистон аст. Меҳри ў дар ошёни баландтарин – дили халқ маъво гирифтааст ва халқ хотираи неки фарзанди маҳбуби хешро то абад ҳифз хоҳад кард».
Эмомалӣ Раҳмон,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 143
навбатӣ