Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

ПИСАРИ ВАТАН
Падар мезад нишаста назди фарзанд
Варақ заррин китоби ҳикмату панд.
Ба ў мехонд дарси навҷавонӣ
Саросар достони қаҳрамонӣ:
Гаҳе аз мардии Фарҳод мегуфт,
Гаҳе аз Хусрави бедод мегуфт.
Гаҳ аз виҷдони Лайлии гуҳарпок,
Гаҳ аз фарёди Маҷнуни ҷигарчок.
Гаҳ аз Заҳҳоки Морон достоне,
Гаҳе аз ҷанги Оҳангар баёне.
Ба фарзандаш падар мегуфт такрор,
Ки ин панди маро дар гўши худ дор:
Дар ин дунё ҳар он чизе, ки дидам,
Ҳар он чизе, ки аз мардум шунидам.
Сухан аз ишқу аз занҷир буданд,
Зи шўри халқи бетақсир буданд.
Шараф чизи таҷовузнопазир аст,
Ҳар он кас, ки шараф дорад, кабир аст.
Муқаддас дошт ҳар кас, ки шарафро,
Набинад ҷабри зулми нохалафро.
Барои бахти хандону чунин рўз
Намудам ҷанг бо хасми ҷаҳонсўз.
Ба дастам буд теғи партизонӣ
Дурахшон чун чароғи зиндагонӣ.
Диёре, ки ба рўйи туст хандон,
Туро боғе, ки мебошад гулистон.
Замине, ки дар он по мегузорӣ,
Ба он ту меҳри беандоза дорӣ,
Пур аз хунҳои сурханду сиёҳанд,
Ба ҷанги беамони мо гувоҳанд.
Фақат куштам, задам, хун рехтам ман,
Паёпай хоки золим бехтам ман.
Ту озодӣ, писарҷонам, ту озод!
Туро мурғи саодат бол бикшод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё