Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Пас аз рўзу шабони интизорӣ
Пас аз ранҷурию хорию зорӣ,
Ба зери чоҳ дасти рус омад,
Фурўзон нурҳои рўз омад.
Бад-ин сон Октябр онро раҳо кард,
Бад-ин сон бо чароғон ошно кард.
Адиб аз нав таваллуд шуд, ҷавон шуд,
Адиби дўстдори тоҷикон шуд.
Фақат мондаст аз даври асирӣ
Ба пушти он пайи чўби амирӣ.
Касе, ки халқро машҳур гардид,
Нахустин бор сер аз нур гардид.
Ватан аз ҷаҳлу торикӣ шуд озод,
Ба Айнӣ шаъну шуҳратҳо фиристод.
Худи устод машъал шуд, алав шуд,
Чароғи мардуми дунёи нав шуд.
Ба рўяш нур бинам, барқ бинам,
Ҳувайдо саргузашти Шарқ бинам.
Чу Айнӣ Шарқ асиру бенаво буд, –
Ба зери чоҳи зиндон Осиё буд.
Кунун Шарқи куҳан бедор гаштаст,
Ба озодипарастон ёр гаштаст.
Мубориз, сулҳҷў, бебок бинам,
Замин буду кунун афлок бинам.
Ҳанўз аз Ғарб гарчи танк ояд,
Ба сўйи Осиё бо ҷанг ояд.
Ҳанўз аз Шарқ бўйи дуд хезад,
Сутуни дуди нафтолуд хезад.
Ҳанўз озурданӣ ҷони арабро,
Ба яғмо бурданӣ хони арабро.
Вале Машриқ аз таҳдиди ағёр
Наметарсад, намеларзад дигар бор.
Баҳори зиндагиро дўст дорад,
Ба зидди ҷанги нав ў ҷанг орад.

пешина
аз 143
навбатӣ