Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гарчи бо мо ҳамтабақ ҳам нестанд,
Ҳамдабистон, ҳамсабақ ҳам нестанд,
Дур, аммо нестанд аз хоки мо,
Аз бари ганҷинаву амлоки мо.
Ҳақталошӣ мекунад акнун ҳабаш,
Менамояд зулмро вожун ҳабаш.
Вақти бедории Африқо расид,
Офтоби субҳи озодӣ дамид.
Дўстро бисёр мехоҳем мо,
Беғараз ғамхор мехоҳем мо.
Ҷони ширин, ин суханҳоро шунав,
Дардмандонро ту ҳам ҳамдард шав.
То даме ки золиму мазлум ҳаст,
Кас набояд лаҳзае беғам нишаст.
Он ки бо ёрони худ масрур буд,
Дўсти ман, шоири машҳур буд –
Тихонов бо мўйҳои сап-сафед
Кард табдил суҳбати моро ба ид.
Дўстиро ман аз ў омўхтам,
Кишвари дилро аз ў афрўхтам.
Ман аз ў омўхтам касби адаб,
Ҳам муҳаббат, ҳам рафиқӣ, ҳам ғазаб.
Метавонад ў ба дарди дигарон
Ёр гардад чун рафиқи меҳрбон.
Борҳо бо ў сафар кардем мо,
Сайри чандин баҳру бар кардем мо.
Регзорону биёбон дидаем,
Сардбарфу гармборон дидаем.
Кўҳсоронро гузар кардем мо,
Бар нишебиҳо назар кардем мо.
Гоҳ дар зери сари мо санг буд,
Гоҳ манзил қасри шоҳ Авранг буд.
Гоҳ медидем фавҷи одамон,
Гоҳ танҳо ахтарони осмон.
Гоҳ шаҳру гаҳ деҳот омўхтем,
Алғараз, сирри ҳаёт омўхтем.

пешина
аз 143
навбатӣ