Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Балки ў мехонд дар симои мо
Достони ишқи беҳамтои мо,
Балки пай мебурд аз чашмони мо
Орзуи халқи ҷоноҷони мо.
Балки ў медид дар пеши назар
Кишвари маҳбуби моро ҷилвагар.
Балки тобон дид ў нури хирад
Дар нигоҳи шоири Ленинград.
Балки истиқболи кўҳистони он
Аз миёни дуди гулхан шуд аён.
Балки ин афғони озодипараст
Мисли дил дар синаҳои мо нишаст.
Балки ў мегуфт моён дўстем,
Мисли ду мағзе, ки дар як пўстем.
Бо шумо ҳамсояи деринаем,
Дўстони беғараз, бекинаем.
Аз миёни хокҳои мо убур
Мекунад Ому ба мисли хатти нур.
Обро аз рўшноӣ кун қиёс,
Дўстонро бо нигоҳи дил шинос.
Чодари пашмин ба сар андохта,
Сар чу кўҳи Ҳиндукуш афрохта.
Рафт афғон, ёди мо бо хеш бурд,
Дил ба мо, моро ба хоби хуш супурд.
То саҳар месўхт гулхан кам-камак,
Хонаро мекард равшан кам-камак.
Бод мезад сар ба кўҳу кўҳсор,
Корвон мешуд ба рафтан интизор.
Дидаи мо сўйи оташпора шуд,
Хоб гум аз дидаҳо якбора шуд.
Боз ҳам омад ба сар ёди Ватан,
Ёди фарзанди азизу ёди зан.
Шоири маҳбуб бо мо ёр гашт,
Мо надонистем, ки шаб чун гузашт.
Дўстро кас дар сафар бояд шинохт,
Метавон дилро ба ин сон дўст бохт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё