Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Он замине, ки аз чароғи барқ
Кард дар баҳри пур моро ғарқ,
Он замине, ки киштзоронаш
Муждаҳо орад аз баҳоронаш,
Он замине, ки ҷойи дилҳо шуд,
Ҷо ба дилҳои аҳли дунё шуд,
Он замине, ки ирқу аслу насаб,
Муттаҳиданд баҳри як матлаб,
Он замине, ки ҳуснобод аст,
Ватани бахту мардуми шод аст.
Осмон ошиқи замин гардид,
Бо замин дўсти қарин гардид.
Аз замин ёри нозанин пурсид,
Нозанин духтаре матин пурсид.
Аз барояш раҳи калон бикшод,
Кўчаи тоза Каҳкашон бикшод.
Кард парвоз бо мушак дина
Ба фалак нозанин Валентина.
«Шарқи шаш» бо ситора пайрав шуд,
Ба гумонам, ки осмон нав шуд.
Партави Октябр болафшон
Бо Валентина рафт то кайҳон.
Шарқ се нозанин ба бар дорад,
Бо раҳи Каҳкашон сафар дорад.
1965
ДАСТИ МОДАР
Бо ҳамон дасте, ки чодар сўхтӣ,
Гулхани шаъну шараф афрўхтӣ,
Бо ҳамон дасте, ки боғ оростӣ,
Кишвари гул-гулшукуфон хостӣ,
Бо ҳамон дасте, ки манзил сохтӣ,
Қасрҳову кушкҳо андохтӣ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё