Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

IX

Саворон дар саҳар майдон гирифтанд,
Сутурон роҳи пурҷавлон гирифтанд.
Микола сўйи деҳ чун барқ мерафт,
Ба мисли офтоб аз шарқ мерафт.
Зи шавқи интиқом аз ҷангҷўён
Равон буданд чун селе саворон.
Гаҳе Қодир ба пешу гаҳ Микола,
Ба тундӣ ҳар ду мисли боду жола.
Микола дид он қишлоқи худро,
Ки мегуфт: - «Эй ҳимояткор, тез о!
Биё, ту тезтар, ки сўхтам ман,
Ба роҳат дидаҳоро дўхтам ман.
Биёю ҷамъ кун хокистарамро,
Ба дастат пок кун чашми тарамро.
Биё, оғўши ман ҷавлонгаҳат соз,
Аз он мурдор душманро барандоз,
Биё, дар остонам пой бигзор,
Ки аз бегонаам безор-безор!...
Биё, кўтаҳ кун аз ман дасти онро,
Ки то бинам рухи хуррам ҷаҳонро.
Биё, ки ў гулўямро фушурдаст,
Зи рўям чун хазон рангам бибурдаст »…
Даруни деҳа шуд ҷанги шадиде,
Ки мислашро ҷаҳон ҳаргиз надидӣ.
Ба паҳлу аспи Қодир хоб карда,
Камингаҳро ба Қодир боб карда.
Замин пур кард Қодир бо сару тан,
Ба гирдаш гилзаҳоро кард хирман.

пешина
аз 143
навбатӣ