Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба ў гўяд, ки аз сагҳои хапгир
Қасосатро кунун бо дасти худ гир.
Ба ў гўяд, ки ҳамроҳам ба саф бош,
Рафиқи роҳи пуршаъну шараф бош.
Агарчи ёрро бисёр мекофт,
Нишоне ҳам вале аз ў намеёфт.
Канор истода пире гуфт:
– Фарзанд,
Чӣ гум кардӣ, чиро меҷўйӣ, то чанд?
– Марина дар куҷо бошад, падарҷон?
Бароварда зи дил пир оҳи сўзон,
Бигуфто: - «Гўш кун ин достонро,
Бирав, огаҳ кун аз ин дўстонро,
Ба деҳ овард гитлерчии мурдор
Ҳаёти тираю ойини куштор.
Ба зоҳир одаму дарандаботин,
Лабаш дар хандаю дил хонаи кин,
Ба оташ зинда - зинда сўхт мардум,
Накард ў фарқ пир аз тифли маъсум.
Занони поки моро кард таҳқир,
Пас аз он зад ба онҳо захми шамшер.
Марина – духтари боору номус,
Ба ҷаллодон нашуд таслиму побўс,
Лаби худ сахт бо дандон газида,
Ба сўйи душманон омад давида,
Гранатҳо чунон аз даст андохт,
Ки даҳҳо қотилонро сарнагун сохт.
Бароварда баланд овози худ гуфт,
Ки: «Ҷонамро нахоҳам дод ман муфт!»

пешина
аз 143
навбатӣ