Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Садои хандае аз таҳхона
Баромад то ба ҳафтум ошёна
Магар як ҷуфт гул во шуд ба боғе?
Магар афрўхт як қўша чароғе?
Ки Қодир гашта чун булбул ғазалхон,
Чу парвона ба гирди хеш рақсон.
Зи шодӣ хешро дар осмон дид,
Ба рўйи минбари саҳни ҷаҳон дид.
Падид омад ба чашмаш чеҳраи рўз,
Ҷамоли офтоби оламафрўз.
Замин медиду боғу бўстонро,
Намуди каб-кабуди осмонро.
Ба чашмаш боз дилбандаш аён шуд,
Даҳони шаккаринхандаш аён шуд.
Ба рухсори ҳаким ў дидаро дўхт,
Зи касби меҳри он дилро барафрўхт.
Сўйи ҷарроҳи мумтозу хирадманд
Нигоҳи чашми миннатдор афканд.
Ба ў мегуфт, ки: «Эй марди оқил,
Аз ин ҳикмат маро кардед қоил.
Маро гўё, ки аз нав зинда кардед,
Чароғи бахти ман тобанда кардед.
Шумо гўё бурида хораеро,
Бурун кардед гавҳарпораеро.
Ташаккур дасти қудратнокатонро!
Сад аҳсан ақли ҳимматнокатонро!»
Гирифта номаи маҳбуб дар даст,
Зи ҷояш ҷаст ҳамчун барраи маст.
Гирифта номаро бар дида молид,
Зи маҳбуб, аз табиби хеш болид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё