Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

II

Арўси оташинрухсори пирўз
Даме ки шуд ниҳон аз дидаи рўз,
Чароғи барқи Илич шуд фурўзон,
Мунаввар шуд хиёбони деҳ аз он.
Ба деҳ аз ҳар тараф одам даромад,
Замин, гўё кафид, одам баромад.
Гумон кардӣ сипоҳе аз дили дашт
Пас аз ҷанге ба лашкаргоҳ баргашт.
Гумон кардӣ, ки дарёе дамида
Баромад обаш аз соҳил ҷаҳида.
Сипаҳ буд ин – сипоҳи колхозӣ,
Пас омад бо ҳазорон сарфарозӣ.
Хурўшонтар буд аз дарёи Ҷайҳун,
Ту худ донӣ, ки мавҷи он бувад чун!
Сипаҳ шуд соҳиби фатҳи кабире,
Ки буд он фатҳ фатҳи беназире.
Баромад халқи боазму ирода
Ба каф асбоби нусратро ниҳода,
Ки бар саҳрои хушку бенаму об,
Ба чўли солҳо афсурда аз хоб
Барад оби равони нуқрасонро,
Нишони зиндагии ҷовидонро.
Ҳама баргашт аз кору ду кас нест:
Ду ёри дил пур аз ишқу ҳавас нест.
Ду қатра имшаб аз дарё ҷудо шуд,
Ҷудо имшаб ду боз аз бозҳо шуд.
Сухан меёфтам гар шоирона,
Ба назм овардаме акси шабона.
Шаби уммедбахши ошиқонро,
Рафиқи савумини ду ҷавонро.
Ба зери машъали рахшанда моҳтоб,
Замин метофт чун дарёи симоб.

пешина
аз 143
навбатӣ