Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Миёни кўҳҳои сар бар афлок,
Чаманзорону боғоти фараҳнок
Кулоҳи сабз бар сар карда буданд,
Зи шабнам чеҳраро тар карда буданд.
Ҳама марду зани деҳ буд ба хона,
Ҳама парандагон дар ошёна.
На аз сўе садое мебаромад,
На зарби гашти пое мебаромад.
Фақат як ҷуфтакак паҳлу ба паҳлу,
Қадам оҳиста мезад лаб-лаби ҷў.
Аз он ҳарду фақат меомад овоз,
Фақат овози дилҳои пур аз роз:
– Азизам, аҳди ман бишкастанӣ нест,
Дилам аз банди зулфат растанӣ нест.
Ману ту дербоз аст ошноем,
Ҳаводорони майдони вафоем.
Ту дар деҳ духтари бообрўйӣ,
Чаманро як гули хушрангу бўйӣ.
Ба меҳрат ҳар дилеро ошёнест,
Ба уммедат, кӣ медонад, киҳо нест!
Маро бе ёдат, аммо як нафас нест,
Туро ошиқтар аз ман ҳеҷ кас нест.
Дилам ганҷинае бошад, ки дар он
Чу ганҷе хуфта танҳо меҳри ҷонон.
Дари ганҷина имшаб нағз во шуд,
Намедонам ба фикри ту чиҳо шуд…
Саодат ном дорӣ, эй дилором,
Маро ҳам кун саодатманд аз ин ном.
Дилам бетоқат аз кори падар шуд,
Ки акнун ў пайи тўи писар шуд.
Аз ин густохии ман гар наранҷӣ,
Гар ин ҳарфи маро осуда санҷӣ,
Ҷавобам деҳ, ки имшаб ман зи саҳро
Барам пеши падар онро чу савғо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё