Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Болу пар боз карда буд уқоб
Ба сари ин замини хоксиёҳ,
Менамуд он ба рангҳои замин
Вақти парвоз бо виқор нигоҳ.
Ҳафтрўза раҳи аробакашӣ
Роҳи шашсоатаи поезд шуд,
Дар хаёлам дигар намеомад,
Ки дар ин раҳ ароба буд, набуд.
Мегузаштем мисли бод сабук
Дар вагон аз деҳот, аз боғот,
Гашт дар пешгоҳи водии сабз
Ҷилвагар шаҳри хурраму обод!...
Шаҳр, - шаҳри азиз, шаҳри нав аст,
«Чашм аз диданаш нагардад сер»:
Қалам онро накардааст ҳанўз
Дар роман, дар сурудҳо тасвир.
Ҳамчу фарзанд баъди чандин сол
Ман ба ин шаҳри сабз омадаам,
Рўзи якум аз остонаи он
Умр бахшидаву даромадаам…
Гирадам пойтахти кишвари ман
Ба канори пур аз ҳарорати худ,
Дур ҳаргиз маро наандозад
Аз нигоҳи худ, аз назорати худ.
Хизматеро ба ман супорад он,
Қаламу коғазу китоб диҳад,
Истиқоматкунандаи худро
Хонаи пур аз офтоб диҳад.
Бо ҳамин орзу чу соҳиби шаҳр
Ба биноҳои шаҳр назар кардам,
Аз ҳама гўшаву канори он
Сарбаландона ман гузар кардам.
Кўчаҳо аз машина пур шудаанд,
Маркаҳои завод гуногун.
Вақти раҳ гаштанат ту бояд ки
Наниҳӣ по зи қоида берун.
Маркази илму фан шудаст ин шаҳр,
Маркази корхонаҳои зиёд,
Маркази корҳои ҷорию
Хонаи халқи соҳибистеъдод.
Нав ба нав серошёна бино
Сўйи майдон тиреза во кардаст,
Хурраму сабз боғи дамгирӣ
Мардум аз баҳри худ бино кардаст.
Мешунидам, ки аз театри нав
Ояд овози духтари тоҷик,
Бо гудоки баланди худ фабрик
Шарафи халқро кунад табрик.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё