Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Осмону замини кўҳистон
Ҳама акнун дар ихтиёри ваянд,
Самолёту машинаҳо шабу рўз
Мушкилосонкунанда ёри ваянд.

Гоҳ аз осмони нилуфар
Мисли парандаҳо фуруд оянд,
Гоҳ аз пойтахти кишвари худ
Дар машина савор зуд оянд.

Ҳамраҳи ў ба кўҳсори дур
Даста-даста газет, китоб омад,
Маданият ба кунҷҳои дара
Шўълаафкан чу офтоб омад.

Дафъаи аввалин ба кўҳистон
Ҳасан омад, ароба пайдо шуд,
Ба ҷавонони шўх «дучарха»
Боиси хандаю тамошо шуд.

Аз барои ароба тангӣ кард
Дараи кўҳсори камводӣ,
Асп мегуфт, ки маро андоз
Ба раҳи дашт, то кунам шодӣ.

Тарки Кўлоб кардаву гардонд
Ҷилави аспро Ҳасан ба ҷануб,
Ёди дарёи Панҷро мекард –
Ёди саҳрои хурраму марғуб,
То кунад бо насими форами Панҷ
Нафаси аспи хастаро озод,
Чархҳои ароба то гарданд
Бе халал дар раҳи замини кушод.

Лаб-лаби Панҷ то кашонад он
Мунтазам борҳои гуногун.
Шаъни худ, шўҳрати саманди худ
То кунад барқарор рўзафзун.

Сўйи Фархор, сўйи Вахш равад
Мисли ҳоҷатбарор марди нек,
Бештар бо аробааш гардад
Аз дилу ҷон ба кори халқ шарик.

Дар деҳоти фарохи ин водӣ
Кор аз мўйи сар зиёдтар аст.
Аспи он бо аробаи ин ҷо
Лозим асту ҳанўз коргар аст.

Халқ машғул дар каналкобист,
Дар ғами обшор кардани кишт,
Ҳамаи колхозу совхозҳо
Аз пайи бештар намудани кишт.

Ҳар куҷо сохтмони мактаби нав,
Ҳар куҷо молхонаандозӣ,
Ҳар куҷо саф ба саф баланд шаванд
Хонаҳои нишасти колхозӣ.

пешина
аз 143
навбатӣ